Мушовири мақоми муаззами Раҳбарӣ: Эрон бо таҳдиди Амрико аз Сурия хориҷ намешавад
Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал, бо таъкид бар инки ҳузури Эрон ва Русия дар Сурия идома хоҳад дошт, гуфт: Эрон бо таҳдидоти Амрико ва режими саҳюунистӣ, Сурияро тарк нахоҳад кард.
Алиакбари Вилоятӣ рӯзи ҷумъа дар андешакадаи «Валдай»-и Русия дар Маскав, афзуд: Мусташорони низомии Эрон дар Сурия ва Ироқ ба дархости давлатҳои онҳо ва ба сурати қонунӣ дар ин кишварҳо ҳузур доранд.
Вай тасреҳ кард: Агар Эрон ва Русия аз Сурия хориҷ шаванд, террористҳо бори дигар бар ин кишвар мусаллат хоҳанд шуд ва ин ҳузур тазминкунандаи адами фаъолияти муҷаддади террористҳо дар Сурия аст.
Мушовири Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал бо ишора ба инки Эрон тамоюле барои музокира бо Амрико ба иллати беэътимодӣ надорад, гуфт: Эрон монеи таҷзияи Сурия, монанди мудели Либия хоҳад шуд ва ба Сурия кумак мекунад то бо таҷовузҳои Амрико муқобила кунад.
Вай ҳадафи дархости Амрико аз Эрон барои хуруҷ аз Сурияро зарба задан ба иттиҳоди Маскав ва Теҳрон донист ва таъкид кард: Эрон, Сурия, Русия ва Ҳизбуллоҳи Лубнон иқдомоти худро дар Сурия бо якдигар ҳамоҳанг мекунанд.
Вилоятӣ ҳамчунин дар бораи дастури раиси ҷумҳурии Амрико барои бозгардондани таҳримҳо алайҳи Эрон, гуфт: Ройзаниҳои Эрон бо Русия ва Чин дар бораи БАРҶОМ идома дорад ва агар манофеи иқтисодии Эрон аз Барҷом таъмин нашавад, Теҳрон далеле барои боқӣ мондан дар ин тавофуқ надорад.
Вай бо ишора ба таҳдиди Трамп дар бораи мамониат аз судури нафти Эрон аз Халиҷи Форс низ изҳор кард: Эрон ҳеҷ монеъи бартарафнашудани барои фурӯши нафти худ намебинад ва агар натавонад нафти худро аз Халиҷи Форс содир кунад, ҳеҷ каси дигар ҳам наметавонд ин корро анҷом диҳад.