Қосимӣ: Нигаронии НАТО аз барномаи мушакии Эрон, беасос аст
(last modified Fri, 13 Jul 2018 12:40:56 GMT )
Июл 13, 2018 17:40 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Нигаронии НАТО аз барномаи мушакии Эрон, беасос аст

Сухангӯи Вазорати умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба баёнияи нишасти сарони кишварҳои узви НАТО гуфт, ибрози нигарониҳои бемавриди НАТО дар бораи барномаи мушакии Эрон, таъсире бар сиёсатҳои Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳифз, тавсеа ва тақвияти тавон ва барномаи дифои мушакии худ, надорад.

Сарони кишварҳои узви Созмони паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) дар нишасти рӯзи чаҳоршанбе худ дар баёнияе, нисбат ба иқдомоти минтақаӣ ва барномаи мушакии Эрон ибрози нигаронӣ карданд.

Баҳроми Қосимӣ афзуд, кишварҳои узви НАТО, ки аз гузоришоти мустамари Ожонси байналмилалии энержии атомӣ нисбат ба пойбандии Эрон ба тааҳҳудоти худ огоҳии комил доранд, ба ҷойи хушнуд кардани мақомоти амрикоӣ, бояд нигарони адами пойбандии яке аз аъзои худ нисбат ба тааҳҳудоти байналмилалӣ дар мавзӯъҳои мухталиф, аз ҷумла БАРҶОМ бошанд.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Барномаи мушакии Ҷумҳурии Исломии Эрон натанҳо ноқизи қатъномаи 2231 нест, балки комилан мутаориф ва дифоъӣ аст.

Ба гуфта вай Эрон низ ҳаммонанди тамоми кишварҳои мустақили ҷаҳон, ҳақи бархурдорӣ аз барномаҳои мутаорифи низомӣ-дифоъӣ барои дифоъ аз манофеъ, мардум ва кишвари худро дорад.