Июл 14, 2018 13:16 Asia/Dushanbe
  • Деҳкадаи миллии созҳои мусиқии суннати(қадимӣ)-и Эрон муаррифӣ шуд

Созмони мероси фарҳангӣ, саонати дастӣ ва гардишгарии Эрон рустои "Фаш" дар вилояти Кирмоншоҳ (ғарби Эрон)-ро ба унвони деҳкадаи миллии сохт ва сози абзори мусиқии суннатии асили эронӣ муаррифӣ кард.

Ба нақл аз хабаргузории ИРНО, дар рустои "Фаш" коргоҳҳои бисёре барои сохти навъҳои мухталифи абзор ва василаҳои мусиқӣ  монанди танбур, тор ва сетор вуҷуд дорад.

Ҳудуди 70 коргоҳи фаоли сохти сози суннатӣ дар рустои Фаш вуҷуд дорад ва дар ҳар коргоҳ чаҳор то панҷ нафар аз аҳолии русто машғули кор ва фаолияти ҳунарӣ ҳастанд.

Созҳои суннатии тавлидӣ  дар ин русто ағлаб барои фуруш ба Теҳрон ирсол мешаванд.

Мусиқии суннатии эронӣ аз солҳо пеш аз мелоди Масиҳ дар байни мардуми Эрон ҷараён дошта ва бахши бузурге аз Осиёи миёна, Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Туркия ва Юнон аз ин мусиқӣ таъсир гирифтааст.