Июл 14, 2018 16:13 Asia/Dushanbe
  • Таҳлили сиёсатҳои Амрико аз дидгоҳи мушовири раҳбари муаззами инқилоб дар умури байналмилал

Алиакбари Вилоятӣ, мушовири раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар умури байналмилал дар гуфтугӯ бо бахши хабарии 21 шабакаи аввали телевизиони Эрон, дидори ахираш бо Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро созанда тавсиф кард ва гуфт, дар ин дидор, ҳамкориҳои минтақаии Эрон ва Русия тасбит шуд.  

Ишораи мушовири раҳбари муаззами инқилоб ба ҳамкориҳои минтақаӣ баёнгари яке аз фаслҳои муҳим дар равобити Эрон ва Русия аст.

Ин ҳамкорӣ дар ҷарёни муқобила бо ДИИШ дар Сурия вориди марҳалаи ҳассосе шуд ва тавонист корои худро дар ҷиҳати бозгардондани субот ба минтақа исбот намояд.

Вилоятӣ ҷумъа низ дар суханронии худ дар андешкадаи Валдайи Русия дар Маскав, нукоти муҳимеро дар ин бора матраҳ кард.  

Раисҷумҳури Русия ноябри гузашта дар дидор бо Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон дар Теҳрон бо таъкид бар ин, ки Эрон ҳамсоя ва шарики роҳбурдии Русия аст, гуфт: “Ду кишвар дар тавсеаи муносибот ва ҳамкориҳои дуҷониба манофеи муштараки бисёре доранд”.

Мушовири раҳбари муаззами инқилоб дар умури байналмилал дар ин хусус тасреҳ кард: Мушовирони низомии Эрон дар Сурия ва Ироқ ба дархости давлатҳои онҳо ва ба сурати қонунӣ дар ин кишварҳо ҳузур доранд.

Маҷаллаи амрикоии Нашнол Интерсет ноябри 2017 дар таҳлиле бо интиқод аз сиёсати хусуматварзии ҳаддиаксарии Вашингтон дар қиболи Эрон навишт: Мушорикати Теҳрон барои суботи минтақа зарурӣ аст.

Нашнол Интерсет бо ишора ба ба фиқдони дурандешӣ дар миёни тасмимсозони Амрико тасреҳ мекунад, ин нақси роҳбурдӣ дар ҳеҷҷо беш аз сиёсатҳои Амрико дар қиболи Эрон ошкор набудааст.

Возеҳ аст, ки равобити Эрон ва Русия аз дидгоҳи аҳдофи султаҷуёнаи Амрико дар минтақа ҳассосиятбарангез аст.

Эрон ва Русия нишон додаанд, ки дар мавзуъ амният ва ҳалли буҳронҳои минтақаӣ қасди ақибнишинӣ дар муқобили султагарии Амрикоро надоранд.