Июл 16, 2018 10:38 Asia/Dushanbe
  • Эрон мизбони бистунуҳумин Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносӣ

Бистунуҳумин Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносӣ - 2018 бо паёми раиси ҷумҳурии Эрон дар Теҳрон оғоз ба кор кард.

Дар ин маросим бо ҳузури вазири омӯзиш ва парвариши ҷумҳурии исломӣ аз тамбр (марка) -и олимпиада рӯнамоӣ шуд.

Ҷумҳурии исломӣ аз рӯзи якшанбе то 22-юми июл ба муддати як ҳафта мизбони бистунуҳумин Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносӣ бо ҳузури нухбагон ва зистшиносони барҷастаи ҷаҳон аст.

 Беш аз 270 донишомӯз аз панҷ қораи ҷаҳон дар ин олимпиада ҳузур доранд ва беш аз 300 нозир ва довар аз кишварҳои мухталиф бар раванди ин олимпиада назорат хоҳанд дошт.

Озмунҳои илмии бистунуҳумин Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносӣ шомили ду озмуни назарӣ ва чаҳор озмуни амалӣ дар Донишгоҳи шаҳид Биҳиштии Теҳрон баргузор мешавад.

Донишомӯзони эронӣ пеш аз ин низ дар 28 давраи Олимпиадаи ҷаҳонии зистшиносӣ ҷузви 10 нафари бартари ҷаҳон будаанд ва дар давраи бистуҳаштуми ин олимпиада, ки соли гузашта дар кишвари Англия баргузор шуд, ду медали тило ва як нуқра ва дар маҷмуъ низ мақоми чаҳоруми ҷаҳонро касб карданд.

Пеш аз ин низ мизбонии олимпиадаҳои ҷаҳонии физик, нуҷум ва компютер бар уҳдаи Ҷумҳурии Исломии Эрон будааст.

 

Барчасп