Июл 16, 2018 13:53 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Раҳбари муаззами инқилоб бар тавоноиҳои Эрон барои убур аз мушкилоти иқтисодӣ

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоб субҳи якшанбе дар нишасте, ки бо даъвати эшон аз раиси ҷумҳур ва аъзои ҳайати давлат баргузор шуд, бар тавоноии кишвар барои убур аз мушкилоти иқтисодӣ таъкид карданд.

Раҳбари муаззами инқилоб дар ин нишаст бо муқтадирона тавсиф кардани мавозеи раиси ҷумҳур дар сафар ба Аврупо афзуданд: Нишон додани иқтидор дар муқобили бегонагон, ба вижа амрикоиҳо амре лозим аст ва ин кор бояд баҳангом, сареҳ ва қотеъ анҷом шавад.

Эшон бори дигар хотирнишон карданд, тарафҳои аврупоӣ низ муваззафанд, тазминҳои лозимро дар хусуси БарҶом бидиҳанд, аммо набояд иқтисоди кишвар ба ин мавзуъ гиреҳ зада ва маътали он шавад. 

Бояд бо хилофкорон дар ҳар сатҳе, ки ҳастанд, бархурд шавад

Давлати Амрико аз нахустин рӯзҳои амалӣ шудани БарҶом талош барои костан аз имтиёзоти иқтисодии Эрон дар даврони пасобарҷомиро оғоз кард. Бо рӯйи кор омадани Доналд Трамп ба унвони раиси ҷумҳурии Амрико ин коршиканиҳо шиддат гирифт.

Трамп дар иқдоме аз пеш тарроҳишуда, 8-уми май ба таври якҷониба фармони хуруҷи Амрико аз БарҶом ва бозгардонидани таҳримҳо алайҳи Эронро имзо кард. Ин иқдом аз сӯйи маҳофили сиёсӣ ва иқтисодӣ ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифт.

Хабаргузории "Блумберг" дар ин бора дар гузорише навишт, давлати Амрико ба дунболи "эъмоли фишори иқтисодии бесобиқа" алайҳи Эрон аст.

Иттиҳоди Аврупо аммо таъкид кардааст, ки муқобили ин таҳримҳо истодагӣ хоҳад кард ва бо ҳамин ангеза як бастаи пешниҳодии иқтисодӣ аз сӯйи Иттиҳоди Аврупо барои ҳифзи БарҶом ба Эрон ироа шудааст. Ин иқдом аммо натавонист Эронро мутақоид созад. Раиси ҷумҳурии Эрон дар тамоси телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Фаронса ва садри аъзами Олмон бастаи пешниҳодии Аврупо барои ҳифзи БарҶомро маъюскунанда хонд ва гуфт, интизори Эрон аз Брюссел ироаи як барномаи амалии равшан ва дорои замонбандӣ аст.

Он чӣ мусаллам аст, дар шароити кунунӣ ду таҳдиди ҷиддӣ мутаваҷҷеҳи иқтисоди Эрон шудааст. Таҳдиди нахуст аҳдофи палиде аст, ки Амрико ва душманони низом дар қолаби таҳрим ва ҷанги иқтисодӣ ва фишори равонӣ бар миллати Эрон дунбол мекунанд. Ҳарчанд ки ин сенария барои Эрон тозагӣ надорад, аммо набояд аз канори ин ҷараён ба содагӣ гузашт ва бояд ба таври ҷиддӣ омодаи муқобила бо ин тавтеа буд.

Барбара Славян, аз аъзои Андешакадаи Шӯрои Атлантика мегӯяд, ҷараёни лоббии қудратманде алайҳи Эрон ба кор афтодааст, ки яке аз фишорҳо эъмоли таҳримҳост. Вай ин ҷараёнро "корзори фишори ҳаддиаксарӣ алайҳи ҳукумати Эрон ва мардуми ин кишвар" тавсиф мекунад.

Аммо таҳдиди дувум заъфҳо ва костиҳои дарунӣ аст, ки дар баёноти Раҳбари муаззами инқилоб ба сароҳат ба онҳо ишора шудааст. Эшон дар ҳамин замина ба намунаҳое аз тахаллуфоти бархе дастгоҳҳо ва афрод дар масоили ахири сиккаву арз ишора ва таъкид карданд: Бояд бо мутахаллифон дар ҳар сатҳе, ки ҳастанд, бархурд шавад.

Бешак Эрон дорои зарфиятҳои бузурге аст ва аз ин зарфиятҳо метавон дар чорчӯби дипломатия ва иртиботи хориҷӣ баҳра гирифт. Аммо роҳи убур аз мушкилот таваҷҷуҳ ба ҳамаи абъоди масоили иқтисодӣ аст. Ба ҳамин далел сарфи тамаркуз бар муаллафаҳои берунии фишор бар иқтисоди Эрон, яъне баҳси таҳримҳо ва чолиши БарҶом, ба танҳоӣ наметавонад роҳи ҳалли мушкили иқтисодӣ бошад.