Сентябр 06, 2016 14:44 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи вазири умури хориҷаи Англия аз иртиқои равобит бо Эрон

Вазири умури хориҷаи Англия аз иртиқои равобит бо Ҷумҳурии Исломии Эрон истиқбол кард.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи пойгоҳи интернетии рӯзномаи англисии "Стандарт", Борис Ҷонсон, вазири умури хориҷаи Англия пас аз таъйини сафири ҷадиди ин кишвар дар Эрон, бо судури баёнияе ибрози умедворӣ кард, ки табодули сафирон оғозе барои ҳамкориҳои густурдаи дуҷониба бошад.

 Николас Ҳоптун, сафири ҷадиди Англия дар Эрон низ зимни ибрози хушҳолӣ аз интисоби худ, дар паёме эълом кард, ки мунтазири марҳилаи баъдӣ дар ҳамкориҳои миёни ду кишвар аст.

Рӯзи душанбе Ҳамиди Баидинажод, сафири ҷадиди Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Биритониё ва Ҳоптун, сафири ҷадиди Биритониё дар Теҳрон ба таври ҳамзамон дар вазоратҳои умури хориҷаи ду кишвар ҳузур ёфта ва бо таслими рӯнавишти устуворномаи худ, бо вузарои умури хориҷа мулоқот карданд.

 

Барчасп