Таъкиди Мугарини бар тазмини манофеи Эрон дар БарҶом
Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо гуфт, ин иттиҳод дар пайи тазмини манофеи Эрон дар тавофуқи ҳастаии БарҶОМ аст.
Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Федрико Мугарини рӯзи душанбе дар конфронси хабарие баъд аз нишасти Шӯрои вазирони умури хориҷии Иттиҳоди Аврупо ба мухолифати давлати Амрико бо дархости кишварҳои аврупоӣ барои маофият аз таҳримҳои Эрон вокуниш нишон дод. Мугарини ба омодагии Иттиҳоди Аврупо барои боз нигоҳ доштани каналҳои иқтисодӣ бо Эрон ишора ва онҳоро «тадобири ҷолиб» тавсиф кард, ки метавонанд тазмин кунанд, Эрон ҳамчунон аз имтиёзҳои тавофуқи ҳастаӣ бархурдор бошад. Ин мақоми аршади Иттиҳоди Аврупо дар посух ба ин суол, ки то чӣ андоза итминон дорад, тадобири Иттиҳоди Аврупо метавонанд дар баробари фишорҳои Амрико давом оваранд ва БарҶОМ-ро ҳифз кунанд, гуфт, ба рағми ин ки вазни Амрико дар иқтисоди ҷаҳонӣ ва низоми молӣ қобили таваҷҷуҳ аст, вале Аврупо мусаммам ба ҳифзи тавофуқи БарҶОМ аст. Мугарини афзуд, Иттиҳоди Аврупо тавофуқи БарҶОМ-ро комилан дар ростои манофеи амниятии ин иттиҳод, минтақа ва дунё медонад, бинобар ин ҳар он чӣ битавонад, анҷом медиҳад, то аз лағви он ҷилавгирӣ кунад, зеро муътақид аст, ки авоқиби чунин рӯйдоде фоҷеабор хоҳад буд.
Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 8-уми май ба таври якҷониба хурӯҷи Амрикоро аз БарҶОМ эълом ва фармони бозгашти таҳримҳои ҳастаӣ алайҳи Эронро пас аз давраҳои замонии 90 ва 180-рӯза имзо кард. Аврупо билофосила зимни мухолифати сареҳ бо ин тасмими Трамп талошҳоеро барои тазмини манофеи Эрон дар БарҶОМ ва ҳифзи ин тавофуқ бидуни Амрико оғоз кард.