Июл 18, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Эрон аз баёнияи таваққуфи ҷанг дар Яман

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбешаб аз баёнияи шуморе аз шахсиятҳои сиёсии кишварҳои исломӣ барои таваққуфи семоҳаи ҷанг дар Яман ҳимоят кард.

Ба гузориши хабаргузории “Меҳр”, Баҳроми Қосимӣ хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз оғози ин ҷанги вайронгар хостори таваққуфи ҳарчӣ зудтари он шудааст.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Эрон бо баёни ин ки вазири хориҷаи Эрон як роҳи ҳалли чаҳормодаӣ дар ин замина ироа кард, афзуд: Ҷумҳурии Исломии Эрон аз ҳар тарҳ ва пешниҳоде, ки битавонад аз тариқи гуфтугӯ ва як роҳи ҳалли сиёсӣ ба поёни ин ҷанг кумак кунад, ҳамчун ҳамеша ҳимоят хоҳад кард.

Қосимӣ бо арҷ ниҳодан ба эҳсоси масъулияти ин шахсиятҳои сиёсӣ, омодагии Эронро барои ҳар гуна кумак ҷиҳати амалӣ кардани ин пешниҳод эълом ва аз ҷомеаи байналмилал, ба вижа ҳама давлатҳои исломӣ хост, талошҳояшонро ҷиҳати таваққуфи ин ҷанги хонумонсӯз афзоиш диҳанд.

Қосимӣ изҳор дошт, ҳамон гуна ки дар тарҳи пешниҳодии вазири хориҷаи Эрон гуфта шудааст, тарки душманӣ ва оташбаси фаврӣ, ирсоли кумакҳои инсондӯстона, оғози гуфтугӯҳои сиёсӣ байни ҳамаи тарафҳои яманӣ ва ташкили давлати фарогири миллӣ, мавзӯҳои аслии дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар Яман аст.

Шуморе аз шахсиятҳои сиёсии кишварҳои исломӣ ахиран дар конфронсе дар Урдун хостори барқарории оташбаси семоҳа ва оғоз гуфтугӯҳои фарогир таҳти назорати Созмони Милал дар Яман шуданд.

 

Барчасп