Амрико дар андешаи таҳрими Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон
Амрико қасд дорад бо таҳрими ҳарчи бештари Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, раванди яксдоии зиддиэронии худ ва муттаҳидонашро ташдид кунад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии рӯзномаи «Вашингтон Фри Бекон», бархе аз намояндагони кунгураи Амрико ва фаъолони як гурӯҳи лобии зиддиэронӣ аз Майк Помпео, вазири умури хориҷаи ин кишвар хостаанд ба сиёсати чандсолае, ки монеи таҳрими Садо ва Симои Эрон мешавад, поён диҳад.
Ин гурӯҳ фишори амрикоӣ аз Помпео хостааст ба ҳар тартиб, ки шуда монеъ аз пахши барномаҳои Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар хориҷ аз кишвар шавад.
Бар асоси ин гузориш пахши моҳвораии барномаҳои IRIB монеи ҷиддӣ бар сари роҳи густариши ошубҳои эҳтимолӣ аст, ки давлати Амрико ва мухолифон рӯйи он ҳисоб боз кардаанд.
Расонаҳо пештар гузориш додаанд, Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон аз соли 2013 машмули таҳримҳои Амрико будааст, аммо ҳам Доналд Трамп ва ҳам Барак Обама, раисони ҷумҳурии феълӣ ва пешини Амрико бо имзои муофиятҳои таҳримӣ ҳар 180 рӯз як бор, иҷроӣ шудани ин таҳримҳоро муаллақ кардаанд.
Дар замони фаро расидани мавъиди тамдиди ин мавзӯъ дар моҳи январ рӯзномаи Гордиан муддаӣ шуда буд, Трамп қасд дорад муофиятҳои таҳримиро барои Садо ва Симои Эрон имзо накунад ва таҳримҳо алайҳи ин созмонро фаъол кунад.
Талоши бархе аз намояндагони кунгураи Амрико барои ҷилавгирӣ аз пахши барномаҳои Созмони Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳоле анҷом мегирад, ки барномаҳои шабакаҳои бурунмарзии ин созмон дар тамоми кишварҳои ҷаҳон асаргузор буда ва сарони Амрико таҳаммули пахши ин барномаҳоро надоранд.
Дар ҳоли ҳозир, 12 шабакаи телевизионӣ ва 34 радио ба забонҳои мухталифи ҷаҳон дар Муовинати бурунмарзии Садо ва Симои Эрон фаъол аст.