Июл 20, 2018 16:52 Asia/Dushanbe
  • Истиқболи расонаи покистонӣ аз густариши равобити Исломобод бо Теҳрон

Рӯзномаи “Нюс”-и чопи Покистон, сафари раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати олирутбаи низомии ҳамроҳи вай ба Исломободро муфид ва созанда арзёбӣ кард.

Ба гузориши ИРНА, рӯзномаи “Нюс”-и Покистон дар мақолае ба сафари генерал Қамар Ҷовид Боҷво фармондеҳи неруи заминии артиши Покистон ба Эрон дар соли гузашта ва сафари ахири ҳайати олирутбаи низомии Эрон ба Исломобод ишора кард ва навишт: Ин ду сафар, дар тавсиаи равобити ду кишвар бисёр боаҳамият аст.

 Ин рӯзнома навишт, сардор сарлашкар Муҳаммади Боқирӣ раиси ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳайати олирутбаи низомии ҳамроҳи вай дар дидор бо генерал Қамар Ҷовид Боҷво фармондеҳи неруи заминии артиши Покистон бар таъмини амният ва босубот будани марзҳои ду кишвар таъкид карданд.

 Ин мақоми баландпояи низомии Эрон дар сафари рӯзи якшанбеи худ ба Исломобод бо бархе аз мақомоти баландпояи Покистон, аз ҷумла Мамнун Ҳусайн раиси ҷумҳурӣ ва Абдуллоҳ Ҳусайн Ҳорун вазири умури хорҷаи давлати интиқолӣ, Зафар Маҳмуд Аббосӣ фармондеҳи неруи дарёӣ ва генерал Зубайр Ҳаёт раиси ситоди муштараки артиши ин кишвар ҷудогона дидор ва гуфтугӯ кард.