Июл 21, 2018 10:21 Asia/Dushanbe
  • Эрон мусаввабаи нажодпарастонаи парлумони режими саҳюнистиро маҳкум кард

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷумъашаб тасвиби лоиҳаи нажодпарастонаи “Кишвари Яҳуд” дар парлумони режими саҳюнистӣ (кнессет)-ро маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Баҳром Қосимӣ гуфт, режими номашруъ ва нажодпарасти саҳюнистӣ бар асоси ишғоли Фаластин ва қатли оми соҳибони аслии сарзамини он шакл гирифта ва иқдоми ахири парлумони ин режим таъйиди дигаре бар моҳият ва рӯйкарди нажодпарастонаи ин режим дар тӯли 70 сол гузаштааст.

Сухангӯи Вазорати хориҷаи ҷумҳурии исломӣ таъкид кард, асри нажодпарастӣ ба поён расида ва нажодпарастӣ дар Фаластини ишғолӣ низ бо ҳиммат ва муқовимати мардуми Фаластин ва миллатҳои мусалмон ва озодихоҳи ҷаҳон барчида хоҳад шуд.

Парлумон режими саҳюнистӣ рӯзи панҷшанбе бо вуҷуди эътирозҳои густурдаи лоиҳаи нажодпарастонаи “Кишвари Яҳуд”- ро тасвиб кард.

Қонуни нажодпарастонаи “Кишвари Яҳуд”, Фаластинро сарзамини саҳюнистҳо дониста ва фаластинёнро аз тамоми ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва инсонӣ маҳрум мекунад.