Шаҳодати 11 нерӯи амниятии Эрон дар даргирӣ бо гурӯҳҳои террористӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36792
11 тан аз нерӯҳои амниятии Эрон таи даргирӣ бо гурӯҳҳои террористӣ дар ғарби кишвар ба шаҳодат расиданд.  
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Июл 21, 2018 19:16 Asia/Dushanbe
  • Шаҳодати 11 нерӯи амниятии Эрон дар даргирӣ бо гурӯҳҳои террористӣ

11 тан аз нерӯҳои амниятии Эрон таи даргирӣ бо гурӯҳҳои террористӣ дар ғарби кишвар ба шаҳодат расиданд.  

Қароргоҳи Ҳамза Саидулшуҳадо (а)-и нерӯи заминии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ эълом кард, шомгоҳи ҷумъа ашрор ва террористҳои зиддиинқилоб ба посгоҳи марзии ин қароргоҳ дар рустои Дарии шаҳристони Маривони устони Курдистони Эрон ҳамла карданд, ки бар асари шиллики гулула, анбори муҳиммоти қароргоҳ мунфаҷир шуд ва 11 тан аз нерӯҳои амниятӣ ба шаҳодат расиданд.  

Ҳашт нафари дигар низ дар ин инфиҷори ношӣ аз ҳамлаи террористӣ захмӣ шуданд.  

Пайкари шаҳидон имрӯз бар дӯши мардуми Маривон ташйиъ шуд.