Июл 22, 2018 10:38 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Эрон дар БАРҶОМ мунтазири Аврупо нахоҳад монд

Вазири умури хориҷаи Эрон бо ишора ба музокироти Эрон ва Аврупо дар бораи БАРҶОМ гуфт: Эрон дар БАРҶОМ мунтазири Аврупо нахоҳад монд.

Муҳаммадҷаводи Зариф идома дод: Эрон дар ҳавзаи амалиётӣ ба андозаи кофӣ, иқдомоте аз тарафи ғарбиҳо ва аъзои боқимонда дар БАРҶОМ мушоҳида накардааст.

Зариф бо ишора ба инки имрӯз суккондори сиёсии Амрико шахси Бинёмин Нетанёҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ аст, афзуд: Амрико ва режими саҳюнистӣ дар маърака ва сиёсати эронҳаросӣ мунзавӣ ҳастанд ва наздиктарин муттаҳидонашон бо онҳо ҳамроҳӣ надоранд.

Вазири умури хориҷаи Эрон тасреҳ кард: Режими саҳюнистӣ ва Амрико имрӯз утоқи ҷанги иқтисодӣ эҷод кардаанд, то Эронро ба тағйири рафтор маҷбур кунанд, вале дар ин талош бо ҳимояти васеъ рӯбарӯ нашуданд ва хеле аз кишварҳо иқдомоти муқобилаиро барои мухолифат бо Амрико ва режими саҳюнистӣ дунбол мекунанд.

 

Барчасп