Тими волейболи нишастаи Эрон саҳмияи паралимпии 2020-ро касб кард
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i36807-Тими_волейболи_нишастаи_Эрон_саҳмияи_паралимпии_2020_ро_касб_кард
Тими волейболи нишастаи мардони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Нидерланд, саҳмияи бозиҳои паралимпии 2020 Токиоро касб кард.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Июл 22, 2018 12:32 Asia/Dushanbe
  • Тими волейболи нишастаи Эрон саҳмияи паралимпии 2020-ро касб кард

Тими волейболи нишастаи мардони Эрон дар мусобиқоти ҷаҳонии Нидерланд, саҳмияи бозиҳои паралимпии 2020 Токиоро касб кард.

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, тими волейболи нишастаи мардони Эрон бо шикасти 3 бар сифри Украина дар дидори ниманиҳоӣ, ба финали мусобиқот роҳ ёфт ва саҳмияи бозиҳои паралимпии 2020 Токиоро касб кард.

Тими волейболи нишастаи мардони Эрон дар марҳалаи финал ба масофи барандаи ду тими Босния ва Бразилия хоҳад рафт.

Ҳабдаҳумин давраи рақобатҳои ҷаҳонии 2018 волейболи нишаста, аз 15 то 23 июл дар Нидерланд баргузор мешавад.