Июл 22, 2018 12:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Зариф ба Аврупо - охирин фурсати амалгароии Аврупо барои ҳифзи БарҶОМ

"Эрон дар БарҶОМ мунтазири Аврупо нахоҳад монд" ҳушдорест, ки Зариф, вазири умури хориҷии Эрон рӯзи шанбе дар ҳошияи таҷдиди паймони сафирон, кордорон ва масъулони Вазорати умури хориҷии Эрон бо ормонҳои бунёнгузори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар оромгоҳи мутаҳҳари Имом Хумайнӣ баён кард. Зариф тасреҳ кард, Эрон дар ҳавзаи амалиётӣ ба андозаи кофӣ иқдомоте аз тарафи ғарбиҳо ва аъзои боқимонда дар БарҶОМ мушоҳида накардааст.

Ин изҳорот, дар воқеъ, таъкид бар роҳбурдҳои муҳиме аст, ки ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ субҳи шанбе дар дидори сафирон, кордорон ва масъулони Вазорати умури хориҷӣ дар ростои ҳифзи манофеи миллӣ мавриди таъкид қарор доданд. Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ дар ин дидор гуфтанд, музокирот бо аврупоиҳо қатъ нашавад, аммо набояд мунтазири бастаи аврупоӣ монд, балки бояд корҳои фаровони лозим дар дохили кишварро дунбол кард.

Эрон кишвари бузург ва бархурдор аз зарфияту истеъдодҳои фаровони иқтисодӣ аст. Эрон бо кишварҳои зиёде муносиботи сиёсӣ ва иқтисодӣ дорад ва манофеи бисёре аз кишварҳо дар сатҳи минтақа ва ҳамчунин дар сатҳи ҷаҳонӣ бастагии мустақим ба идомаи ҳамкориҳо бо Эрон дорад ва ин воқеиятҳоро наметавон нодида гирифт. Иттиҳоди Аврупо ҳам аз ин вобастагӣ ва манофеи мутақобил мустасно нест. Масъала ин аст, ки Амрико сирфан бар асоси хусуматварзӣ ва бо иттиҳомсозиҳои мавҳум саъй дорад, бо эъмоли дубораи таҳримҳо фишорҳои иқтисодӣ ба Эронро афзоиш диҳад, аммо дар амал тиҷорати озоди ҷаҳонӣ ва манофеи ҷомеаи байналмилалро бо чолиш мувоҷеҳ кардааст. Дар чунин шароите мухолифати усулӣ бо бадаҳдиҳо ва рафторҳои муғойир бо қавонини тиҷорати озоди ҷаҳонӣ иқдоми бадеҳист ва бояд нишон дода шавад, ки Амрико наметавонад ва набояд ба ҷойи дигарон тасмим бигирад ва тасмими худро ба дигарон таҳмил кунад.

Ҳасани Лосҷердӣ, коршиноси масоили байналмилалӣ муътақид аст, Аврупо аз сӯе мехоҳад БарҶОМ-ро ҳифз кунад ва ба истилоҳ ҳайсияти дипломатии худ дар солҳои гузаштаро истеҳком бахшад ва аз сӯи дигар бо фишорҳои Амрико мувоҷеҳ аст ва намедонанд чӣ роҳкорҳоеро пайдо кунанд. Фуод Эзадӣ, коршиноси масоили Амрико низ дар таҳлили муҳтавои бастаи пешниҳодии Аврупо мегӯяд: "Ба назар мерасад, ҳадафи онҳо талафи вақт, мунтазир кардани Эрон ва идомаи маҳдудиятҳои мост". Эзадӣ бо ишора ба банди 6-и ин баста меафзояд: "Ин банд бар ҳусни нияти ширкатҳои аврупоии фаъол дар Эрон таъкид мекунад. Дар сурате ки мо шоҳид ҳастем, дар чанд моҳи ахир теъдоде аз ин ширкатҳо ё аз Эрон хориҷ шудаанд, ё қасди хурӯҷ аз онро доранд".

Муҳаммадҷаводи Зариф пештар дар гуфтугӯ бо шабакаи «Евро нюс» бо ишора ба ин мавзӯъ, ки ду чорчӯби замонии мушаххас вуҷуд дорад, гуфта буд: «Аввалӣ чорчӯби замонии аввалин даста аз таҳримҳои Амрикост, ки дар моҳи август иҷро мешавад ва чорчӯби замонии дигар дувумин даста аз таҳримҳои Амрико аст, ки дар моҳи ноябр иҷро мешавад ва мо хоҳем дид, ки Аврупо чӣ тавр бо он дасту панҷа нарм мекунад ва комилан мутобиқ бо он посух хоҳем дод ва барномаи мушаххасе барои он дорем».

Бетардид, тан додан ба боҷгирии Амрико дар мавзӯи БарҶОМ, ки як тааҳҳуде бо пуштвонаи қатъномаи Шӯрои амният аст, метавонад ба як бидъати хатарнок табдил шавад. Изҳороти вазири умури хориҷии Эрон дар бораи тасмими ниҳоии Иттиҳоди Аврупо дар бораи БарҶОМ-ро мебоист ҳушдори сареҳ ва беҳошия арзёбӣ кард. Аврупо ё бояд бипазирад, ки манофеии миллии Амрико бар раванди тасмимгирӣ дар иқтисоди ҷаҳонӣ авлавият дорад ва ё ин ки бар асоси мантиқи сиёсӣ ва иқтисодӣ амал кунад.