Июл 24, 2018 20:51 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи милоди имом Ризо (а) фархунда бод!

Эрони исломӣ ба хусус шаҳри Машҳади муқаддас дар шаби милоди имом Ризо (а), олими оли Муҳаммад (с) ғарқ дар нур ва шодӣ аст.  

Боргоҳи нуронии имом Ризо (а) аз наводагони гиромии расули мукаррами ислом (с) дар шаҳри Машҳад чароғонӣ ва лабрез аз ҳузури иродатмандони хонадони набуват на фақат аз гуша-гушаи Эрон балки аз саросари дунё шудааст, ки омадаанд то дар милоди мубораки хуршеди Тӯс дар саҳн ва сарояш меҳмон шаванд ва аз хони густардааш баҳра ҷуянд.  

Ҳазрати Алӣ ибни Мусалризо (а) дар ёздаҳуми зиқадаи соли 148 ҳиҷрии қамарӣ дар Мадинаи мунаввара дида ба ҷаҳон гушуд.  

Номи мубораки эшон Алӣ ва машҳуртарин лақаби эшон Ризо ба маънои хушнуд аст.  

Эшон аз чунон илм ва донише бархурдор буданд, ки ба олими оли Муҳаммад (с) маъруф шуданд.

Падари бузургвори имом Ризо, имом Мусои Козим (а) буд, ки дар соли 183 ҳ.қ ба дасти Ҳоруни Аббосӣ ба шаҳодат расид ва модари гиромиашон Наҷма ном дошт.

Имом Ризо (а) дар Мадина пас аз шаҳодати падар, ҳидояти мардумро бар уҳда гирифт.

Муддати имомати ҳазрати Ризо (а) ҳудуди 20 сол тӯл кашид, ки 17 соли он дар Мадина ва се соли охири он дар Хуросон гузашт.  

Он ҳазрат, ки пас аз қабули иҷбории вилояти аҳди Маъмуни Аббосӣ ба ночор се соли охири умрро дар Хуросон гузаронд, дар 55 солагӣ ба дастури Маъмун ба шаҳодат расид.

Сайт ва радиои тоҷикии Садои Хуросон фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати имом Ризо (а)- ро ба ҳамиа дӯстдорони аҳли байти паёмбар ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон табрик мегӯяд.