Рӯҳонӣ: Амрико ҳушдори девони Лоҳаро ҷиддӣ бигирад
Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, ин бор дигар фақат Эрон нест, ки ба Амрико ҳушдор медиҳад ва Амрико бояд ҳушдори болотарин марҷаи ҳуқуқии дунёро ҷиддӣ бигирад.
Ҳасани Рӯҳонӣ дар ҷаласаи ҳайъати давлати Эрон бо ишора ба шикояти Теҳрон аз Амрико ба Девони байналмилалии додгустарӣ гуфт: Бештари кишварҳои ҷаҳон, иқдомоти Амрикоро нодуруст медонанд ва маҳкум мекунанд ва ё ҳадди ақал аз он изҳори таассуф мекунанд.
Рӯҳонӣ бо баёни инки Девони байналмилалии додгустарӣ болотарин марҷаи ҳуқуқии дунё маҳсуб мешавад, таъкид кард: Бо ҳушдори Девони байналмилалии додгустарӣ акнун Амрико бояд муроқиби аъмол ва барномаҳои худ бошад.
Девони байналмилалии додгустарӣ сешанбе таи номае расмӣ хитоб ба Майк Пампо, вазири хориҷаи Амрико зимни эъломи замони расидагӣ ба шикояти Эрон алайҳи Амрико, ба давлати Вашингтон ҳушдор дод, аз ҳар гуна иқдоми ҷадид дар заминаи бозгардондани якҷонибаи таҳримҳо зидди Эрон худдорӣ кунад.