Июл 25, 2018 18:05 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз фанноварии ҷадиди кувантум дар Эрон

Фанноварии ҷадиди кувантум дар заминаи мухобироти амн бо ҳузури раиси Созмони энержии атомии Эрон дар Теҳрон рӯнамоӣ шуд.

Алиакбари Солеҳӣ дар маросими рӯнамоӣ аз ин фанноварӣ гуфт: Ҷумҳурии исломии Эрон нахустин кишвари исломӣ аст, ки тавониста ба ин фанноварӣ даст ёбад.

Солеҳӣ афзуд: Фанноварии кувантум дар заминаи мухобироти амн, дар мошинҳои муҳосиба ва роёнаҳо, ҳисгарҳо ва ҳамчунин дар шабеҳсозӣ ва интиқоли иттилоот аз як зарраи нурӣ ба зарраи нурии дигар дар муддатзамони сифр корбурд дорад.