Июл 30, 2018 14:33 Asia/Dushanbe
  • Тафовути Рӯҳонӣ ва Путин, ки барои тимҳои ташрифот мушкилсоз аст

Раиси ташрифоти раёсати ҷумҳурии Эрон аз тафовути ҷолиби таваҷҷуҳ миёни Ҳасани Рӯҳонӣ ва Владимир Путин гуфт, ки барномарезии дидори ин ду раиси ҷумҳур корро барои тими ташрифот душвор мекунад.

Ба гузориши хабаргузории Донишҷӯёни Эрон (ИСНА), дар миёни баҳси доғе, ки миёни Эрон ва Русия бар сари чигунагии муқобила бо таҳримҳои Трамп дар гирифтааст, раиси ташрифоти раисиҷумҳурии Эрон нуктаи ҷолибе аз тафовути “табъ”-и сарони Русия ва Эрон баён мекунад.

Баҳмани Ҳусайнпур мегӯяд: “Ҳар инсоне дорои табъи хос аст ва табъи оқои Рӯҳонӣ низ гарм аст. Ба ҳамин далел вазифаи ман ба унвони масъули ташрифот ин аст, ки таваҷҷуҳ кунам, дараҷаи ҳаво дар муҳитҳое, ки эшон ҳузур доранд, пойин бошад”.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Ҳусайнпур, Владимир Путин дорои табъи сард аст ва дараҷаи муҳити атрофи баргузории мулоқоти ӯ бояд боло бошад, ки ҳамин масъала танзими дидорҳои Рӯҳонӣ бо Путинро барои тимҳои ташрифот ба коре душвор табдил мекунад.

Аз замони ба раёсати ҷумҳурӣ расидани Ҳасани Рӯҳонӣ дар Эрон дар соли 2014, вай 12 бор бо ҳамтои руси худ дидор кардааст.