Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон: Давлати Трамп қобили эътимод нест
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон бо радди ҳаргуна гуфтугӯ бо давлати кунунии Амрико гуфт: Давлати ин кишвар қобили эътимод нест.
Баҳроми Қосимӣ дар бораи танишҳои лафзии Эрон ва Амрико ва бархе иддаоҳо дар бораи музокираи ду кишвар гуфт: Бо таваҷҷуҳ ба шароити мавҷуд аз ҷумла хуруҷи якҷониба ва ғайриқонунии Амрико аз БАРҶОМ (тавофуқи ҳастаӣ), иқдомоти душманона ва талоши Вашингтон барои фишори иқтисодӣ бар миллати Эрон ва иҷрои таҳримҳои ҷадид, шароите барои музокира вуҷуд надорад.
Вай дар бораи муҳлати Эрон ба Аврупо барои ироаи пешниҳодашон дар бораи чигунагии идомаи БАРҶОМ ҳам гуфт: Тамосҳои доими байни Эрон ва тарафҳои аврупоӣ идома дорад ва хушбиниҳое низ вуҷуд дорад ва дар куллиёт аломати мусбате дида мешавад.
Қосимӣ дар бораи тарҳи НАТО-и арабии раисҷумҳури Амрико низ гуфт: Ин мавзуъ баҳси ҷадиде нест ва дар гузашта ҳам бархе андешкадаҳо ва ниҳодҳо онро матраҳ карданд.