Сентябр 06, 2016 20:46 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши расонаҳои байналмиллалӣ ба паёми Раҳбари муаззами инқилоб

Бархе расонаҳои байналамиллалӣ паёми муҳимми мақоми муаззами Раҳбарӣ ба мусулмонони ҷаҳонро барҷастасозӣ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, расонаҳои байналамиллалӣ паёми муҳимми Раҳбари муаззами инқилоб ба мусулмонони ҷаҳонро дар остонаи айёми ҳаҷ барҷастасозӣ карданд.

Хабаргузориҳои Ройтерз, Франс пресс ва Син Хуа бахшҳое аз паёми мақоми муаззами Раҳбариро ба таври ҳадафманд барҷастасозӣ карданд. Ин хабаргузориҳо бо титрҳои мушобеҳе, бино бар интиқоди Раҳбари Эрон аз Арабистони Саудӣ сирфан ин бахш аз ин паёми таърихиро барҷастасозӣ карданд ва дигар бахшҳои паёмро нодида гирифтанд.

Гуфтанист, шабакаҳои Алминор ва Алахбория ва сайтҳои хабарии Алаҳд ва Аннашра, паёми Раҳбари инқилоб ба мусулмонони ҷаҳонро ба таври  густурда бозтоб доданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, шабакаи телевизионии ал-Иттиҷоҳ гузориш дод, оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ фармуданд, ҳуккоми Саудӣ дифоъ аз мустакбирони ҷаҳон ва эътилоф бо саҳюнистҳо ва амрикоиҳоро роҳи боқимондани худ дар ин ҳукумати золимона медонанд.

Шабакаи Алолам низ дар хабари фаврӣ эълом кард, оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёми муҳим ба мусулмонони саросари ҷаҳон бо оғози мавсими Ҳаҷ фармуданд, як сол аз ҳодисаи Мино, ки дар он ҳазорон нафар мазлумона ҷони худро ба хотири кӯтоҳии ҳокимони Саудӣ аз даст доданд гузашт. Ҳуккоми Саудӣ дар эътилофи худ бо саҳюнистҳо ва амрикоиҳо аз ҳеҷ хиёнате барои дастёбӣ ба аҳдофи худ фурӯгузор намекунанд. Ҳокимони Саудӣ, ки роҳи Худо ва масҷидулҳаромро бар эрониҳо бастаанд, бақои худро дар дифоъ аз мустакбирон медонанд. Ҳазорон хонавода аз кишварҳои мухталиф азизони худро дар фоҷиаи Мино аз даст доданд, аз ҷумла ҳудуд 500 нафар аз эрониҳо шаҳид шуданд. Ҳуккоми Саудӣ ба ҷои ибрози надомат аз фоҷиаи Мино ва пайгарди муқасирони он, ҳатто аз ташкили кумитаи ҳақиқатёб низ худдорӣ карданд. Онҳо ба ҷои ин ки муттаҳам бошанд худро муддаӣ нишон доданд ва душмании деринаи худ бо Эронро пинҳон накарданд.

Шабакаи Алминор низ дар ахбори фаврӣ гузориш дод, имом Хоманаӣ фармуданд, ҳокимони Саудӣ бо таъсиси гурӯҳҳои такфири ҷаҳони Исломро вориди ҷангҳои дохилӣ кардаанд. Ҳокимони Саудӣ дар фоҷиаи соли гузаштаи Мино муқасиранд.

Ба гузориши ИРНА, "шабакаи дувум"-и  Телевизиони давлатии Русия рӯзи душанбе қисматҳое аз паёми Раҳбари Инқилоби Исломиро дар ин шабака ва ҳамчунин пойгоҳи интернити худ ба мухотабон ироа кард. Хабаргузории ИТАР-ТАСС низ навиштааст, Раҳбари олии ҷумҳурии исломӣ бо интиқод аз Арабистон дар шеваи баргузор кардани маросими ҳаҷ таъкид кард, мудирияти маконҳои муқаддаси мусалмонон ниёз ба таҷдиди сохтор дорад. Ин хабаргузорӣ дар идома навиштааст, ҳаҷ яке аз аркони аслии дини Ислом ба шумор меравад, ки шомили сафар ба Макка ва Мадина дар айёми хос ва ба ҷо овардани маросим динӣ, аз ҷумла дар Масҷид-ул-ҳаром ва Мино аст ва зоирон аз бештари кишварҳои ҷаҳон, бавижа кишварҳои мусалмоннишин дар он ҳузур доранд.

Радиои "Москва" низ дар бахшҳои мухталифи хабарии худ паёми ҳаҷи ҳазрати Оятуллоҳ Хоманаиро бозтоб додааст.

Дар гузориши фаврии радиои "Говорит Москва" таъкид шудааст, Раҳбари олии Эрон бо ишора ба вақеаҳои мунҷар ба қурбонӣ шудани шуморе аз зоирони ҳаҷи соли гузашта хостори таҷдиди назар дар мудирияти маконҳои муқаддаси исломӣ шудааст.

Ба гузориши ИРНА, сойти рӯзномаи англиси забони "Express Tribune" Покистон ҳам бо инъикоси бахшиҳое аз паёми Раҳбари муаззами инқилоб ба мусулмонони саросари ҷаҳон ва ҳоҷиён дар хусуси маросими ҳаҷи имсол ва суимудирияти Арабистон навишт, оятуллоҳ Хоманаӣ дар паёме аз мусулмонони ҷаҳон хост, то дар мудирияти муқаддастарин амокин исломӣ (аз сӯи Арабистон) таҷдиди назар шавад. Ин рӯзнома ба нақл аз паёми ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ навиштааст, ба хотири рафтори золимонаи ҳуккоми Саудӣ бо меҳмонони Хонаи Худо, ҷаҳони Ислом бояд ба таври бунёдӣ дар хусуси мавзӯи мудирияти Ҳарамайни Шарифайн ва маросими ҳаҷ, таҷдиди назар кунад. Дар гузориши "Express Tribune" омадааст, паёми Раҳбари Эрон дар ҳоле дар остонаи баргузории маросими ҳаҷи имсол мунташир шудааст, ки даҳҳо ҳазор зоири эронӣ имсол ба далели ба натиҷа нарсидани музокироти Эрон бо Арабистон барои ҳалли ихтилофҳои марбут ба эъзоми ҳоҷиёни эронӣ аз анҷоми ин фариза маҳрум шуданд. Оятуллоҳ Хоманаӣ ҳуккоми Оли Саудро, ки худро ходимини Ҳарамайни Шарифайн медонанд, ба сиёсӣ кардани мавзӯи ҳаҷ муттаҳам карда ва гуфтааст, ки ҳокимони Саудӣ шайтонҳои ҳақиранд, ки аз ба хатар афтодани манофеи шайтони бузург-Амрико ҳарос доранд."Express Tribune" бо нақли бахше дигар аз паёми Раҳбари муаззами инқилоб навиштааст, ҳокимони Саудӣ, ки сади роҳи зоирони эронӣ барои рафтан ба маросими ҳаҷ шуданд, афроде манфӯр ва гумроҳ ҳастанд, ки идомаи ҳаёти тахту тоҷ ва ҳукумати золимонаи худро баста ба ҳимоят аз қудратҳои мустакбир, ҳампаймон бо саҳюнистҳо ва Амрико ва бароварда сохтани хостаҳои онон медонанд.

Паёми Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар бораи маросими ибодии маносики ҳаҷ дар расонаҳои Ироқ низ бозтоби густурдае дошт. Ба гузориши ИРНА, хабаргузориҳо ва сойтҳои хабарӣ ба суръат матни комили арабии паёмро мунташир карданд ва бархе аз расонаҳо низ ба бозтоби фарозҳое аз ин паёми муҳимми Раҳбари муаззами инқилоб иктифо карданд, аммо шабакаҳои хабарии маъруф ба муқовамати исломӣ дар Ироқ, матни паёмро қироат карданд. Дар ин росто сайти хабарии "Кунуз медия" матни комили паёми Раҳбариро мунташир кард. хабаргузории "Алмисла" низ навиштааст, ки Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар паёми муҳимме ба ҷаҳони Ислом ва ҳоҷини Хонаи Худо гуфтаанд, ки Арабистон маҷрӯҳони Миноро ба ҳамроҳи мутаваффёни ин ҳодиса ба макони сар бастае интиқол дод ва ҳамаи онҳоро ба қатл расондааст. Сойт хабарии "Бобул 24" низ дар ин росто навиштааст, ки Раҳбари муаззами Инқилоби исломӣ дар хусуси идораи маносики ҳаҷ аз режими Арабистони Саудӣ ба шиддат интиқод карданд ва аз ҷаҳони Ислом хостанд, ки барои идораи маносики ҳаҷ чораандешӣ кунанд ва таъкид кард, ки рафтори саудиҳо дар идораи маносики ҳаҷ бо ҳоҷиён золимона аст.