Август 01, 2018 19:58 Asia/Dushanbe
  • Сафари осиёии Зариф, танаввуъбахшӣ ба фурсатҳои тиҷорӣ ва ҳамкориҳои иқтисодӣ

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири хориҷаи Эрон ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо мақомоти Шри Ланка дар бораи роҳҳои густариши равобити дуҷониба, сешанбе вориди Коломбо, пойтахти ин кишвар шуд.

Ширкат дар иҷлоси кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ASEAN, ки дар Сингапур дар ҳоли баргузорӣ аст, бахши дигари сафари осиёии Зариф аст.

Кишварҳои Малайзия, Индонезия, Тайланд, Сингапур, Филиппин, Ветнам, Бруней, Лаос, Мянмар ва Камбоҷа аъзои кишварҳои ҷануби шарқи Осиё, ASEAN-ро ташкил медиҳанд.  

Нигоҳ ба шарқ гарчи ҳамвора дар сиёсати хориҷии Эрон аҳаммият дошта, аммо акнун ба унвони як рӯйкарди муассир дар ҷиҳати эҷоди мувозина дар равобити хориҷӣ аҳаммияти бештаре ёфтааст.  

Сафари осиёии Зариф дар шароите аст, ки Амрико саъй дорад, аз аҳрумҳои тиҷорӣ ва таҳрим ба унвони василае барои чоназании стратегӣ бо Эрон баҳра гирад.

Дутарафа будани манофеъ дар таомулоти Эрон ва кишварҳои осиёӣ аз чолишҳои Амрико дар ҷиҳати мунзавӣ кардани Эрон маҳсуб мешавад.  

Кишварҳои бузурги осиёӣ аз ҷумла Чин ва ташаккулҳои иқтисодӣ ҳамчун ASEAN тамоюле ба ҳамсӯӣ бо Амрико надоранд.

Ин нигоҳ иҷроӣ шудани тавофуқоти Эрон ва шарқро сареътар мекунад ва дутарафро ба сӯи навъе ҳамгароӣ ва ҳамкории мутақобил савқ медиҳад.

Фарзиниё, коршиноси шарқи Осиё мегӯяд:”Ин минтақа махсусан ба лиҳози иқтисодӣ ва амниятӣ, аз назари ҷаҳонӣ дорои аҳаммияти вижаест”.  

Вай муътақид аст, ки Эрон ба лиҳози пайвандҳои фарҳангӣ ва иқтисодӣ ва ҳамгароиҳои сиёсӣ дар ин паймон ба унвони кишваре шинохташуда аст.

Акнун марҳалаи ҷадиде дар сиёсати нигоҳ ба шарқ оғоз гардида, ки ба суръат рӯ ба пешрафт аст.

Интизор меравад, ин ҳамкорӣ заминасози тавсеаи муносиботи Эрон ва кишварҳои ҷануби шарқи Осиё бошад.