Август 04, 2018 20:34 Asia/Dushanbe
  • Эрон ва Покистон дар роҳи густариши ҳамкориҳои синамоӣ

Ду мақоми фарҳангии Эрон ва Покистон бар густариши ҳамкории ду кишвар дар ҳавзаи синамо таъкид карданд.  

Муҳаммадризо Коко, ройзани фарҳангии Эрон дар Исломобод дар дидори зуҳури Аҳмад Берлас, мудири кулли расонаҳои хориҷии вазорати иттилоърасонӣ, мероси миллӣ ва расонаҳои Покистон гуфт: Эрон дар санъати филм ва синамо дар ҷойгоҳи хубе дар ҷаҳон қарор дорад.  

Вай гуфт: Филм ва сериал дар Эрон бар асоси усули исломӣ ва ахлоқӣ тавлид мешавад ва аъзои хонавода метавонанд дар канор ҳам ин тавлидотро тамошо кунанд.