Тавофуқи Эрон ва Афғонистон барои тавсеаи транзити рейлӣ ва ҷоддаӣ
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37119-Тавофуқи_Эрон_ва_Афғонистон_барои_тавсеаи_транзити_рейлӣ_ва_ҷоддаӣ
Вазири роҳ ва шаҳрсозии ҷумҳурии исломии Эрон аз тавофуқи Теҳрон ва Кобул барои тавсеаи транзити рейлӣ ва ҷоддаӣ хабар дод.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 04, 2018 17:06 Asia/Dushanbe
  • Тавофуқи Эрон ва Афғонистон барои тавсеаи транзити рейлӣ ва ҷоддаӣ

Вазири роҳ ва шаҳрсозии ҷумҳурии исломии Эрон аз тавофуқи Теҳрон ва Кобул барои тавсеаи транзити рейлӣ ва ҷоддаӣ хабар дод.  

Аббоси Охундӣ дар нишасти хабарии муштарак бо Муҳаммадҳамиди Таҳмосӣ, вазири ҳамлу нақл ва ҳавонавардии мулкии Афғонистон дар Теҳрон бо ишора ба тавофуқоти ду кишвар гуфт: Барои густариши транзит гуфтугӯҳои зиёде байни дутараф анҷом ва натоиҷи хубе низ барои коҳиши ҳазинаҳо ҳосил шуд.  

Охундӣ афзуд: Дар ҳоли ҳозир ҳазинаҳое бобати омадушуди байни Эрон ва Афғонистон дарёфт мешавад, ки бархе аз ин ҳазинаҳо расмӣ ва бархе ғайрирасмӣ аст ва дар ин нишаст қарор шуд, ҳамаи ҳазинаҳои ғайрирасмӣ шиносоӣ ва коҳиш ёфта ё ҳазф шаванд.