Август 07, 2018 10:22 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: Ҳадафи Трамп ба роҳ андохтани ҷанги равонӣ дар Эрон аст

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳадаф аз изҳороти ахири раисҷумҳури Амрико, бавижа пешниҳоди музокира бо Эронро ҷанги равонӣ алайҳи миллати Эрон донист.

Ҳасани Рӯҳонӣ шаби душанбе дар гуфтугӯи зиндаи телевизионӣ бо мардуми Эрон гуфт, ҳадафи Трамп аз тарҳи бархе изҳорот, аз ҷумла омодагии музокира бо Эрон ин аст, ки бо эҷоди ҷанги равонӣ мардуми Эронро дучори тардид кунад ва аз он барои интихоботи Конгресс дар моҳҳои оянда истифода барад.

Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни ин ки Амрико баъд аз хориҷ шудан аз тавофуқи ҳастаӣ дар шароити душворе қарор гирифтааст, гуфт: “Акнун Трамп бо ироаи пешниҳоди музокира бо Эрон дар садад аст, зимни ҷуброни эътибори аздастрафта худро дӯсти миллати Эрон муаррифӣ кунад”. Рӯҳонӣ гуфт, касе, ки иддао мекунад, тамоил ба музокира дорад, бояд бидонад, ки аввалин мабнои музокира садоқат аст, аммо тарафи муқобил касе аст, ки бидуни музокира аз тааҳҳудоти байналмилалӣ, аз ҷумла муоҳидаи Париж, тиҷорӣ ва БарҶОМ хориҷ шудааст, ба ҳамин дил бастан ба музокира бо чунин фарде беҳуда аст. Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ташреҳи барномаҳои давлат барои ҳалли бархе мушкилот пас аз иҷрои даври ҷадиди таҳримҳои ғайриқонунӣ ва золимонаи Амрико зидди Эрон дар ҳавзаҳои мухталиф, аз ҷумла иқтисодӣ итминон дод, ки давлат тамоми тавони худро дар канори қувваҳои дигар барои мудирияти иқтисод ва ҳалли мушкилот гузоштааст.