Таҳрим, таҳдид ва музокира - се гузинаи Амрико дар муқобили Эрон
Таҳрим, таҳдид ва музокира - се гузинаи роҳбурдии Амрико дар муқобили Эрон аст, аммо ин гузинаҳо чӣ паёме барои Эрон дорад?
Ин саволест, ки ин рӯзҳо мавриди нақду баррасии бисёре аз таҳлилгарон қарор дорад. Табиист, ки Эрон бо таваҷҷуҳ ба ҷойгоҳи хос ва мавқеияти вижае, ки дар минтақа ва арсаи байналмилал дорад, ҳамвора мавриди таҳдиди душман қарор гирифта ва душманон бо тавтеаҳои мухталиф ба дунболи зарба задан ба низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳастанд. Амрико низ пайваста тарроҳ ва муҷрии ин хусуматварзӣ будааст.
Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико асри душанбеи 6 - уми августи соли ҷорӣ, тайи фармоне бархе таҳримҳои ғайриқонунии ин кишвар алайҳи Эронро бозгардонд.
Трамп сипас дар баёнияе эълом кард, аз сешанбеи 7 - уми август таҳримҳои санъати худрав, тило ва риёли Эрон амалӣ мешавад ва таҳримҳои бонкӣ ва нафтӣ низ аз 5 – уми ноябри соли 2018 иҷро хоҳанд шуд.
Трамп ба гумони худ, ба дунболи бастани ҳамаи роҳҳо бар рӯйи Эрон аст ва таҳримҳо ҳамин ҳадафро дунбол мекунад.
Ҳадафи Амрико аз се гузинаи таҳрим ва таҳдид ва ҳамзамон додани пешниҳоди музокира бо Эрон, лояҳои печидае дорад, аммо он чӣ возеҳ аст, мушкилоте аст, ки таҳримҳо ва коршиканиҳои Амрико дар сатҳи байналмилалӣ барои Эрон дуруст мекунад. Эрон аммо дар муқобили таҳримҳо то кунун истода ва дар баробари таҳдидҳо низ қудрати дифоӣ ва боздорандагии низомиро иртиқо додааст.
Таҳдидҳо алайҳи Эрон аз ибтидои пирӯзии инқилоби исломӣ вуҷуд дошта ва акнун низ Амрико ба дунболи ноамн кардани Эрон ва минтақа аст. Мақомҳои Амрико ба сурати ошкор аз ба ошӯб кашондани Эрон аз дарун сухан мегӯянд ва аз он ҳимоят мекунанд ва ҳатто сухан аз тағйири низом ба миён меоваранд. Аммо низоми ҷумҳурии исломӣ муттакӣ ба миллати Эрон аст. Ба ҳамин иллат аст, ки Амрико саъй дорад ба мардум фишор оварад.
Бахше аз суханони дишаби Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар гуфтугӯи телевизионӣ бо мардум, ишора ба ҳамин масъала буд. Рӯҳонӣ гуфт, ҳарфҳои Трамп ё барои баҳрабардории дохилӣ ва интихобот аст ва ё ҷанги равонӣ бо мардуми Эрон.
Масъала ин аст, ки ҳарфҳои Трамп чӣ барои баҳрабардории дохилӣ ва интихобот ва ё барои ҷанги равонӣ бо мардуми Эрон бошад, дар ҳар сурат моҳияти он яксон аст ва ҳадаф осеб задан ба Эрон аст.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон душанбешаб дар вокуниш ба иқдоми ғайриқонунии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар бозгардонидани таҳримҳо зидди Эрон дар Твиттер навишт: “Амрико мехоҳад ба ҷаҳон биқабулонад, ки нигарони мардуми Эрон аст, аммо бо ҷорӣ кардани муҷадади таҳримҳо ба баҳонаҳои беасос, боиси лағви фурӯши 200 ҳавопаймои мусофирбарӣ ба Эрон шуд, ки ҷони эрониҳоро ба хатар меандозад”.
Андешакадаи саҳюнистии “Begin–Sadat” дар таҳлиле перомуни пешниҳоди раисҷумҳури Амрико барои музокира бо Эрон навишт: “Ин пешниҳод бо ҳадафи ихтилофафканӣ дар дохили Эрон ироа шуда ва бахше аз барномаи Болтон қабл аз вуруд ба Кохи Сафед буд”.
Комилан равшан аст, коре ки Амрико анҷом медиҳад на фақат алайҳи миллат ва манофеи миллии Эрон, балки алайҳи манофеи ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Ба таъбири Зариф; “риёкориҳои Амрико ҳеҷ ҳадду марзе надорад”.