Август 10, 2018 18:32 Asia/Dushanbe
  • Дидори фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Эрон бо раисиҷумҳури Туркия

Маҳмуди Воизӣ, фиристодаи вижаи раисиҷумҳури Эрон ба Анкара шомгоҳи панҷшанбе бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия дидор ва паёми катбии Ҳасани Рӯҳониро ба вай, таслим кард.

Фиристодаи вижаи раисиҷумҳур дар ин дидор дар бораи охирин таҳаввулоти марбут ба БАРҶОМ, оғози таҳримҳои ҷадиди Амрико ва мавозеи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин маворид бо Эрдуғон гуфтугӯ кард ва бар азми Эрон ба муқовамат то пушаймон кардани Амрико аз иқдоми худ таъкид кард.

Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия низ дар ин дидор бо изҳори хурсандӣ аз дарёфти паёми раисиҷумҳури Эрон ва бо эъломи иродаи Анкара бар идомаи ҳамкорӣ бо Теҳрон, дар бораи роҳкорҳои марбут ба чигунагии тавсеаи ҳарчи бештари муносибот миёни ду кишвар ва рафъи мавонеи эҳтимолии мавҷуд, таъкид кард.

Эрдуғон изҳори умедворӣ кард, дар ояндаи наздик бо Рӯҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон дидор кунад.

Воизӣ пеш аз дидор бо раисиҷумҳури Туркия, бо Мавлуд Човуш Ӯғлу, вазири хориҷа ва Рухсор Бегҷон, вазири бозаргонии Туркия низ дидору гуфтугӯ кард.

 

Барчасп