Вокуниши Зариф ба изҳороти тавҳиномези муфтии саудӣ
(last modified Wed, 07 Sep 2016 08:09:58 GMT )
Сентябр 07, 2016 13:09 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Зариф ба изҳороти тавҳиномези муфтии саудӣ

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба суханони тавҳиномези муфтии аъзами саудиҳо вокуниш нишон дод.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбешаб дар сафҳаи шахсии худ дар шабакаи иҷтимоии Твиттер, ба изҳороти аҳмақонаи Абдулазиз оли Шайх, муфтии аъзами саудиҳо посух дод.

Абдулазиз оли Шайх, муфтии аъзами саудиҳо рӯзи сешанбе дар мусоҳиба бо як расонаи арабӣ муддаӣ шуда буд, эрониҳо мусулмон нестанд.

Зариф дар посух ба ин туҳмат таъкид кард: "Дар воқеъ ҳеҷ шабоҳате байни Исломи эрониён ва аксарияти мусулмонон бо ифротгароии нижодпарастонае, ки муфтии ваҳҳобӣ ва бониёни саудӣ таблиғ мекунанд, вуҷуд надорад".

Ин изҳороти шайхи саудӣ дар ҳоле аст, ки сарчашмаи ақоид ва тафаккуроти гурӯҳи террористии ДИИШ баргирафта аз афкор ва фатвоҳои фирқаи ваҳҳобият ва муфтиҳои арабистонӣ аст, ки чеҳраи Исломро дар ҷаҳон хадшадор карда ва ҳазорон нафар аз мусулмононро дар Сурия, Ироқ, Яман ва дигар кишварҳои исломӣ ба хоку хун кашидааст.