Август 11, 2018 15:39 Asia/Dushanbe
  • Ройзаниҳои Эрон ва Русия таъкид бар идомаи муборизаи муштарак бо терроризм

Муовинони Вазорати хориҷаи Эрон ва Русия бо баррасии охирин таҳаввулоти байналмилалӣ ва минтақаӣ дар бораи наҳваи мубориза бо терроризм, бар идомаи ҳамкориҳо ва таомулоти ду кишвар дар ин бора таъкид карданд.  

Ин ройзаниҳо рӯзи ҷумъа бо ҳузури Ғуломҳусайни Деҳқонӣ, муовини вазири хориҷаи Эрон, Маҳдии Саноӣ, сафири Эрон дар Русия ва Олег Владимирович Сиромолотов, муовини вазири хориҷаи Русия дар умури мубориза бо терроризм дар Маскав анҷом шуд.  

Дар арсаи байналмилал маъдуд кишварҳое ҳастанд, ки бо террористҳо ба сурати воқеӣ мубориза кунанд.

Эрон ва Русия аммо муборизаи воқеӣ ва беамон бо падидаи шарури терроризмро дар дастури кор қарор додаанд.

Ин ду кишвар яъне Эрон ва Русия дар мубориза бо ДИИШ исбот карданд, ки дар хати муқаддами ҷибҳа алайҳи террористҳо қарор дорад.  

Владимир Захаров, раиси институти пажуҳишҳои сиёсӣ ва роҳбурдии Русия дар ин бора мегӯяд: Эрон дар миёни кишварҳое, ки бо ДИИШ мубориза кардаанд, муассиртарин муборизаро дошта ва бо кумаки машваратӣ аз суқути ин кишварҳо ҷилавгирӣ кардааст.

Анатолий Сиганок, коршиноси маркази мутолеоти сиёсӣ-низомии Русия дар ин бора мегӯяд: Бо нигоҳе ба амалкарди Амрико ва муттаҳидонаш дар муқобила бо терроризм, мутаваҷҷеҳи ин воқеият мешавем, ки Кохи Сафед ба нобудии террористҳо алоқа надорад.

Амрико бо ҳамин рӯйкард Ироқ ва Сурияро низ ба ҷавлонгоҳи террористҳо бадал кард.

Ин кишвар борҳо ба сурати ошкор ва пинҳон аз гурӯҳҳои террористӣ бавижа ДИИШ ҳимоят кардааст.

Леван Ҷагарян, сафири Русия дар Эрон дар гуфтугӯ бо хабаргузории Интерфакс, бо баёни инки Маскав қасд дорад, ҳамкориҳо дар ҳавзаи зиддитерроризмро бо Теҳрон афзоиш диҳад, мегӯяд, “Эрон шарики роҳбурдии Русия аст ва Маскав дар чашмандози баландмуддат, ин дидгоҳро дар бораи Теҳрон ҳифз хоҳад кард.