Мулоқоти руасои ҷумҳури Эрон ва Қазоқистон дар ҳошияи нишасти Актау
Август 12, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
Руасои ҷумҳури Эрон ва Қазоқистон дар чорчуби панҷумин Нишасти сарони кишварҳои соҳилии Хазар дар Актауи Қазоқистон дидор карданд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури Эрон ва Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон дар ҳошияи панҷумин Нишасти сарони кишварҳои соҳилии Хазар дар шаҳри бандарии Актауи ин кишвар дидор ва гуфтугӯ карданд.
Назарбоев дар ибтидои ин дидор гуфт: Равобити миёни Қазоқистон ва Эрон бар асоси усули дӯстӣ ва бародарӣ будааст.
Раисҷумҳури Эрон низ ибрози умедворӣ кард, ки нишасти имрӯза натоиҷи бисёр мусбатеро ба дунбол хоҳад дошт.