Август 12, 2018 20:34 Asia/Dushanbe
  • Таҳримҳои Амрико зидди Эрон то ҳоло ҳеҷ кишвареро таслим накардааст

Як расонаи чинӣ бо ишора ба ҷанги тиҷории Амрико алайҳи дигар кишварҳо аз ҷумла Эрон ва Чин навишт, таърих исбот карда, чунин иқдомоте кишварҳои дигарро ба зону дарнаёварда ва онҳоро муттаҳидтар кардааст.

Рӯзномаи чинии “Чайна Дейли” дар ёддоште зимни ишора ба иқдоми Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар хориҷ кардани Вашингтон аз барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) навишт, Амрико ҳамчунон ба тактикаи роҳандозии ҷанги тиҷорӣ алайҳи кишварҳои ҷаҳон идома медиҳад.

Ба навиштаи ин рӯзнома, таърих исбот кардааст, бештари мақотеъ чунин тактикаҳо бо шикаст мувоҷеҳ мешаванд.