Август 14, 2018 08:49 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Иддаоҳои коршинос дар бораи Хазар эътибор надоранд

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон шаби душанбе иддаоҳои Раҷаб Сафаров дар хусуси баҳри Хазарро фоқиди эътибор донист.

Коршинос Раҷаб Сафров рӯзи якшанбе дар гуфтугӯ бо бунгоҳи овозапарокании ВВС муддаӣ шуда буд, дар соли 1996, баъд аз фурӯпошии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ Эрон аз ҳаққи 50-дарсадии худ нисбат ба баҳри Хазар кӯтоҳ омад.

Баҳроми Қосимӣ дар гуфтугӯ бо хабаргузории “Тасним” дар хусуси ин иддао тасреҳ кард, баррасии савобиқ нишон медиҳад, Раҷаб Сафров ҳеҷ гоҳ фарди музокиракунанда аз ҷониби Русия бо ҳайати эронӣ дар музокироти Хазар набудааст. Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон бо таъкид бар ин ки изҳорот ва иддаоҳои Сафаров асосан фоқиди ҳар гуна эътибор аст, афзуд, тардиде вуҷуд надорад, тарҳи ин иддаоҳои беасос бо аҳдофи мушаххас ва ҳидоятшуда аз сӯйи аносир ва марокизи хос сурат мепазирад.

Раҷаб Сафаров ин иддаоро пас аз нишасти сарони панҷ кишвари ҳошияи баҳри Хазар дар Қазоқистон матраҳ кард. Панҷумин нишасти сарони кишварҳои ҳошияи баҳри Хазар (Эрон, Русия, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Туркманистон ва Қазоқистон) рӯзи якшанбе дар Оқтови Қазоқистон баргузор шуд. Дар ин нишаст асноди марбут ба режими ҳуқуқии баҳри Хазар имзо шуд.