Хушомадгуии форсии подшоҳи Арабистон ба ҳоҷиёни эронӣ
(last modified Tue, 14 Aug 2018 15:58:57 GMT )
Август 14, 2018 20:58 Asia/Dushanbe
  • Хушомадгуии форсии подшоҳи Арабистон ба ҳоҷиёни эронӣ

Подшоҳи Арабистон ҳамзамон бо оғози айёми зилҳаҷҷа бо ирсоли паёме ба забони форсӣ ба ҳамаи ҳоҷиёни форсизабон, ки ин рӯзҳо худро аз ақсо нуқоти ҷаҳон ба Макка расондаанд, хушомад гуфт.  

Салмон бен Абдулазиз, подшоҳи Арабистон дар паёми худ аз Худованд хостааст, ибодати ҳуҷҷоҷи Байтуллоҳулҳаромро, ки аз ақсо нуқоти ҷаҳон барои адои маносики ҳаҷ вориди Арабистон шудаанд, бипазирад ва тавфиқи адои ҳаҷи мабрурро, ки подоше ҷуз биҳишт надорад, насибашон фармояд.

Бархе коршиносони ғарби Осиё дар ҳафтаҳои ахир радду бадал шудани бархе нишонаҳои мусбат байни Теҳрон ва Риёзро нишонаи беҳбуди равобити дутараф пас аз таниш дар солҳои ахир медонанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури исломии Эрон 22 июли гузашта дар ҷамъи раисони намояндагиҳои Эрон дар хориҷ аз кишвар гуфт: Дар шароит ҷадид ба дунболи ислоҳи равобити Арабистон, Иморот ва Баҳрайн бо Эрон ҳастем.

Арабистон низ саҳмияи имсоли Эрон аз ҳаҷро аз 60 ба 86 ҳазор нафар афзоиш дода ва ҳангоми вуруди ҳуҷҷоҷи эронии Байтуллоҳулҳаром ба фурудгоҳи Ҷидда масъулони арабистонӣ аз онон бо гулу оби замзам, ки дар назди эрониён аз тақаддуси хоссе бархурдор аст, истиқбол карданд.

Равобити дипломатии Эрон ва Арабистон аз се сол қабл дар паи озору азияти ду зоири навҷавони эронӣ дар фурудгоҳи Ҷиддаи Арабистон ва эъдоми олими барҷастаи шиа дар Арабистон, ки эътирози бархе аз мардуми Эрон ва ҳамла ба сафорат ва консулгарии Арабистон дар шаҳрҳои Теҳрон ва Машҳади Эронро ба дунбол дошт, қатъ шуд.