Август 15, 2018 20:09 Asia/Dushanbe
  • 13 донишгоҳи эронӣ дар байни ҳазор донишгоҳи бартари ҷаҳон

13 донишгоҳи эронӣ бар асоси натоиҷи рутбабандии ҷаҳонии Шанҳайи соли 2018, дар байни ҳазор донишгоҳи бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, сарпарасти пойгоҳи истинодии улуми ҷаҳони ислом ISC гуфт: Донишгоҳи Теҳрон, Санъатии Амиркабир, Санъати шариф, Улуми пизишкии Теҳрон, Илму санъат, Тарбияти мударрис, Нушервонии Бобил, Санъатии Исфаҳон, Улуми пизишкии шаҳид Биҳиштӣ, Фирдавсии Машҳад, Донишгоҳи Шероз, Донишгоҳи Табрез ва Донишгоҳи Улуми пизишкӣ, 13 донишгоҳи Эрон ҳастанд, ки дар ҷамъи ҳазор донишгоҳи бартари ҷаҳон ҳузур доранд.

Шанҳайи яке аз низомҳои муътабари рутбабандӣ дар сатҳи байналмилалӣ аст.