Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамлаи террористиро дар Афғонистон маҳкум кард
Август 16, 2018 08:54 Asia/Dushanbe
Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон ҳамлаи террористиро дар Кобул, пойтахти Афғонистон маҳкум кард.
Баҳроми Қосимӣ, Сухангуи Вазорати хориҷаи Эрон бо маҳкумияти ҳамлаи террористии асри чаҳоршанбе дар ғарби Кобул, бо давлат, миллат ва бозмондагони қурбониёни ин ҷинояти террористӣ, ки даҳҳо кушта ва маҷрӯҳ барҷой гузошт, ибрози ҳамдардӣ кард.
Сафорати ҷумҳурии исломии Эрон дар Афғонистон ҳам ҳамлаи террористӣ ба донишомӯзони як маркази омӯзишӣ дар ғарби шаҳри Кобулро, ки боиси кушта шудани 48 нафар шуд, маҳкум кард.
Асри чаҳоршанбе омили террорист худро ба миёни донишомӯзон дар маркази омӯзишии Маҳдии (аҷ) дар шаҳри Кобул расонд ва бо инфиҷори худ, 48 донишомӯзро кушт ва 67 нафарро захмӣ кард.
Барчасп