Забони форсӣ дар фазои маҷозӣ аз забони арабӣ пешӣ гирифт
(last modified Fri, 17 Aug 2018 16:36:14 GMT )
Август 17, 2018 21:36 Asia/Dushanbe
  • Забони форсӣ дар фазои маҷозӣ аз забони арабӣ пешӣ гирифт

Мизони истифода аз забони форсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои веб дар сатҳи ҷаҳон, афзоиш ёфта ва забони арабиро пушти сар ниҳодааст.

Ба гузориши ИРНА, пойгоҳи “W3tech” дар гузорише эълом кард, забони форсӣ нӯҳмин забони пуркорбурди Интернет аст ва дар ҷойгоҳе болотар аз забонҳои чинӣ, туркӣ ва арабӣ қарор дорад.

Саҳми забони арабӣ ва туркӣ дар фазои маҷозӣ дар моҳи ноябри соли 2017 милодӣ ба зер ду дарсад расид дар ҳоле, ки ин саҳм дар моҳи июни соли 2011 ҳудуд ду дарсад буд.

Бар асоси ин гузориш, забони форсӣ пас аз ҷопонӣ, пуркорбурдтарин забони Осиё дар фазои маҷозӣ аст.

Муҳаммадҷаводи Озарии Ҷаҳрамӣ, вазири иртиботот ва фанноварии иттилооти Эрон чанде пеш бар аҳамияти густариши забони форсӣ дар фазои веб таъкид кард ва гуфт, имрӯз саҳми забон ва хатти форсӣ дар мӯҳтавои веб ба ду дарсад расидааст, ки мутобиқи аҳдоф дар назар гирифта шуда ин саҳм бояд ба чаҳор дарсад бирасад.