Август 19, 2018 08:02 Asia/Dushanbe
  • Таслияти солрӯзи шаҳодати ҳазрати Имом Муҳаммад Боқир (а)

Дар солрӯзи шаҳодати панҷумин ситораи осмони имон, ҳидоят ва небераи бузургвори Расули Худо (с) ҳазрати имом Муҳаммад Боқир (а) ҷаҳони Ислом бавижаи Эрони исломӣ, якпорча сиёҳпӯш ва азодор аст.

Имрӯз якшанбе 19 августи 2018 баробар бо 28 мурдоди хуршедӣ ва ҳафтуми зилҳаҷҷаи 1439 қамарӣ, солрӯзи шаҳодати пешвои донишманд ва фозили мусулмонон имом Муҳаммад Боқир(а) аст. Имом Боқир (а) дар даврони нуронии имомати хеш, бо вуҷуди шароити номусоиде, ки бар арсаи фарҳанги исломӣ соя афканда буд, бо талоши ҷиддӣ ва густурда, наҳзати бузурги илмиро тарроҳӣ ва шогирдон ва фақеҳони соҳибноми бисёреро тарбият карданд, то ҷое, ки ин ҷунбиши доманадор ба бунёнгузорӣ ва таъсиси як донишгоҳи бузург ва барҷастаи исломӣ анҷомид.

Густурдагии илм ва дониши ҳазрати имом Муҳаммад Боқир (а) ба ҳадде буд, ки эшонро саромади рӯзгори худ карда буд ва мардум ба он ҳазрат, лақаби Боқирул-улум ба маанои шикофандаи дониш дода буданд.

Он ҳазрат саранҷом пас аз умре талош дар майдони бандагии Худо ва эҳёи дин ва тарвиҷи илм ва хадамоти иҷтимоӣ ба ҷомеа исломӣ, дар рӯзи ҳафтуми моҳи зилҳаҷҷаи соли 114 қамарӣ, ба дастури Ҳишом ибни Абдулмалик, халифаи вақти Марвонӣ, масмум шуд ва ба шаҳодат расид.

Мардуми мусулмони Эрон дар шаҳрҳои мухталифи ин кишвар бо ширкат дар маросими мазҳабӣ ва ҳузур дар маконҳои муқаддас, ҳамчун ҳарами имом Ризо (а) дар шаҳри Машҳад, дар мусибати шаҳодат панҷумин пешвои мусулмонон, сӯгворӣ мекунанд.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон шаҳодати ин пешвои бузурги Исломро ба ҳамаи мусулмонон ва озодагони ҷаҳон таслият мегӯяд.