Август 19, 2018 08:50 Asia/Dushanbe
  • Путин: Тавофуқномаи ҳастаӣ бо Эрон бояд ҳифз шавад

Раисиҷумҳури Русия дар нишасти хабарии муштарак бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон бар лузуми ҳифзи БАРҶОМ, таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Владимир Путин шанбешаб дар нишасти хабарӣ бо садри аъзами Олмон дар Берлин афзуд, дар дидор бо вай дар хусуси авзои ғарби Осиё, аз ҷумла буҳрони Сурия ва тавофуқномаи ҳастаӣ бо Эрон, гуфтугӯ кард.

Раисиҷумҳури Русия бо баёни ин ки Русия ба кумакҳои инсондӯстонаи худ дар Сурия идома хоҳад дод, афзуд, бояд барои бозгашти оворагони сурӣ ба кишварашон ҳама талош кунанд.

Путин дар идома таъкид кард, Олмон яке аз муҳиммтарин ширикони тиҷории Русия ба шумор меояд ва Олмон ба монанди пуле барои ирсоли колоҳои русӣ ба қораи Аврупо аст.

Меркел низ дар ин нишасти хабарӣ аз БАРҶОМ ҳимоят кард.

Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ҳаштуми моҳи майи 2018 бо такрори иттиҳомҳои беасос алайҳи Эрон, хурӯҷи Вашингтон аз БАРҶОМ ва бозгашти таҳримҳои ҳастаиро эълом кард.

Ин иқдоми раисиҷумҳури Амрико бо интиқодоти густурдаи ҷаҳонӣ бавижа дигар тарафҳои имзокунандаи БАРҶОМ, рӯбарӯ шуд.

Бритониё, Фаронса, Русия, Чин, Олмон ва Иттиҳоди Аврупо эълом карданд, ба БАРҶОМ пойбанд буда ва аз он ҳимоят мекунанд.

Садри аъзами Олмон ҳамчунин дар ин нишасти хабарӣ авзои шаҳри Идлиби Сурия ношӣ аз ҳамалоти террористҳоро фоҷиабор донист ва афзуд, ҳалли буҳрони Сурия бояд аз тариқи як фароянди сиёсӣ, анҷом пазирад.

Садри аъзами Олмон дар бораи ҳалли масъалаи Украина низ таъкид кард, поя ва мабнои ҳамкорӣ дар ин мавзӯ, тавофуқномаи Минск аст ва хоҳад буд.

Русия, Украина ба ҳамроҳи Олмон ва Фаронса дар феврали 2015 тавофуқномаи сулҳи Минскро барои поён додан ба буҳрони Украина имзо карданд, аммо ин тавофуқнома ҳеҷгоҳ ба таври комил иҷро нашуд.

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия шомгоҳи шанбе ба манзури дидор ва гуфтугӯ бо Ангела Меркел, садри аъзами Олмон вориди Берлин шуд.

 

Барчасп