Зариф: Амрико дигар нахоҳад тавонист Эронро таҳти султа дароварад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37472-Зариф_Амрико_дигар_нахоҳад_тавонист_Эронро_таҳти_султа_дароварад
Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба кудатои таҳти ҳимояти Амрико зидди давлати Муҳаммади Мусаддиқ навишт: Вашингтон имрӯз ҳам ба дунболи таҳти султа даровардани Эрон аст, аммо ба ин ҳадаф нахоҳад расид.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 19, 2018 12:50 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрико дигар нахоҳад тавонист Эронро таҳти султа дароварад

Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба кудатои таҳти ҳимояти Амрико зидди давлати Муҳаммади Мусаддиқ навишт: Вашингтон имрӯз ҳам ба дунболи таҳти султа даровардани Эрон аст, аммо ба ин ҳадаф нахоҳад расид.  

Имрӯз бисту ҳаштуми мурдоди 1397 ҳиҷрии шамсӣ (19 августи 2018) мусодиф бо солрӯзи кудатои амрикоӣ зидди давлати Эрон дар соли 1953 аст.

Дар бисту ҳаштуми мурдод моҳи 1332 шуморе аз нерӯҳои артиши режими ситамшоҳӣ бо ҳамкории Амрико ва Англия, бо сарнагун кардани давлати Муҳаммади Мусаддиқ, Муҳаммадризо Паҳлавиро, ки ба хориҷ гурехта буд, бори дигар ба салтанат нишонданд.