Зариф: Амрико дигар нахоҳад тавонист Эронро таҳти султа дароварад
Август 19, 2018 12:50 Asia/Dushanbe
Вазири хориҷаи Эрон бо ишора ба кудатои таҳти ҳимояти Амрико зидди давлати Муҳаммади Мусаддиқ навишт: Вашингтон имрӯз ҳам ба дунболи таҳти султа даровардани Эрон аст, аммо ба ин ҳадаф нахоҳад расид.
Имрӯз бисту ҳаштуми мурдоди 1397 ҳиҷрии шамсӣ (19 августи 2018) мусодиф бо солрӯзи кудатои амрикоӣ зидди давлати Эрон дар соли 1953 аст.
Дар бисту ҳаштуми мурдод моҳи 1332 шуморе аз нерӯҳои артиши режими ситамшоҳӣ бо ҳамкории Амрико ва Англия, бо сарнагун кардани давлати Муҳаммади Мусаддиқ, Муҳаммадризо Паҳлавиро, ки ба хориҷ гурехта буд, бори дигар ба салтанат нишонданд.
Барчасп