Август 19, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Миллипушони пумсаи Эрон барандаи 2 медали нуқраи бозиҳои осиёии Ҷакарта

Миллипушони пумсаи Эрон ба 2 медали нуқраи бозиҳои осиёии Ҷакарта даст ёфтанд, то нахустин медалҳои корвони Эронро дар ин мусобиқот аз они худ кунанд.

Пумса маҷмуае аз ҳаракоти классики теквондо шомили техникаҳои истодан, дасту по ва ҷо ба ҷоӣ аст.  

Рақобатҳои теквондои ҳаҷдаҳумин давраи бозиҳои осиёӣ дар Индонезия якшанбе оғоз шуд ва дар рӯзи нахуст, дар пумсаи инфиродии мардон Куруши Бахтиёрӣ, варзишкори эронӣ, ки бо ғалаба бар тамомии ҳарифон ба финал расида буд, ба масофи қаҳрамони ҷаҳон аз Кореяи Ҷанубӣ рафт ва натиҷаро бо ихтилофи андаке вогузар кард ва ба нишони нуқра расид.

Марҷони Силаҳшӯрӣ, дигар варзишкори эронӣ низ дар финали пумсаи инфиродии занон бо ҳарифе аз Индонезия рӯ ба рӯ шуд ва бо қабули шикаст баробари ин ҳариф, ба медали нуқра даст ёфт.