Август 19, 2018 19:11 Asia/Dushanbe
  • Равобит бо Эрон авлавияти сиёсати хориҷии Покистон

Рӯзномаи сериражи Нейшени Покистон навишт, давлати ҷадиди ин кишвар ба ҷои таъсирпазирӣ аз сиёсатҳои таҳримии Амрико зидди Эрон, бояд ибтидо манофеъ ва авлавиятҳои худро дар мавзуоти байналмилал мавриди таваҷҷуҳ қарор диҳад.

Рӯзномаи Нейшен дар мақолае дар бораи таъсири таҳримҳои Амрико бар равобити Эрон ва Покистон таъкид кард, Покистон дар хусуси воридоти тавлидоти нафтӣ ва таъмини ниёзҳои энержии худ ба Эрон ниёз дорад.

Дар мақола бо ишора ба иштирокоти фаровони фарҳангӣ ва таърихии Эрон ва Покистон омадааст, пешрафтҳои мусбат дар равобити ду кишвар набояд ба ҳадар биравад ва Исломобод бояд барои коҳиши танишҳо байни Эрон ва Амрико талош кунад.

 

Барчасп