Зариф: БАРҶОМ бидуни ҳузури Амрико ба ҳаёти худ идома медиҳад
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37488-Зариф_БАРҶОМ_бидуни_ҳузури_Амрико_ба_ҳаёти_худ_идома_медиҳад
Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, БАРҶОМ бидуни ҳузур Амрико низ ба ҳаёти худ идома медиҳад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Август 20, 2018 06:39 Asia/Dushanbe
  • Зариф: БАРҶОМ бидуни ҳузури Амрико ба ҳаёти худ идома медиҳад

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, БАРҶОМ бидуни ҳузур Амрико низ ба ҳаёти худ идома медиҳад.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиони “СНН”-и Амрико гуфт, Амрико як беморӣ дорад ва он эътиёд ба таҳрим кардан аст.

Зариф афзуд:, ҳатто дар замони Барак Обама, раисиҷумҳури пешини Амрико низ ин кишвар бар таҳримҳое, ки рафъ накарда буд бештар таъкид мекард, то иҷрои тааҳҳудоти худ дар мавриди таҳримҳое, ки рафъ карда буд.

Зариф бо ишора ба кудатои амрикоии зидди давлати Эрон дар 19 августи 1953 (28 мурдоди 1332 ҳиҷрии шамсӣ), афзуд, Амрико ҳанӯз гумон мекунад, ки дар ҳоли ҳамкорӣ бо давлате аст, ки пас аз кудатои 1953 дар Эрон рӯи кор овард, лизо бояд амрикоиҳо аз хоби ғафлат бедор шаванд.

Вазири умури хориҷаи Эрон ҳамчунин бо радди музокираи Эрон бо Амрико гуфт, БАРҶОМ озмуне барои Амрико буд, аммо ин кишвар хеле роҳат ин тавофуқро нақз кард ва наметавон ба Амрико барои музокираи муҷаддад эътимод кард.