Август 21, 2018 16:09 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ: На танҳо Эрон, ки Аврупо ва Канада ҳам ба Амрико беэътимоданд

Раисҷумҳури исломии Эрон гуфт, Эрон комилан ба Амрико беэътимод аст ва Аврупо, Чин ва Канада ҳам дигар ба Амрико эътимод намекунанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ дар маросими рӯзи санъати дифоӣ дар Эрон афзуд: Намояндагони Конгресси Амрико қонуне ба тасвиб расонданд, ки набояд бо Эрон вориди ҷанг шуд, чун медонанд, Эрон тавонманд ва қудратманд аст ва ҳамла ба Эрон ҳазина дорад.

Рӯҳонӣ гуфт: Тамоми талошҳо ва ҳазинаҳои ҷумҳурии исломии Эрон барои боло бурдани тавони дифоии худ бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз дучор шудан ба ҷанг ва таҷовузҳои пурҳазина аст.