Август 25, 2018 18:57 Asia/Dushanbe
  • Касби чаҳордаҳумин медали тиллои корвони Эрон дар бозиҳои осиёии 2018

Саҷҷоди Ганҷзода, каратекори Эрон, чаҳордаҳумин медали тиллои корвони варзишии ҷумҳурии исломии Эронро дар Ҳаҷдаҳумин давраи бозиҳои осиёии 2018-и Индонезия касб кард.

Саҷҷоди Ганҷзода имрӯз дар рақобатҳои каратеи мусобиқоти бозиҳои осиёӣ, бо шикасти ҳарифоне аз Фаластин, Арабистон, Қирғизистон ва Ветнам, медали тиллои вазни ба изофаи 84 килограммро бар гардан овехт.  

Дар ин вазн, намояндаи Ветнам ба медали нуқра ва ҳамчунин намояндагони Арабистон ва Қирғизистон ба медали биринҷии муштарак расиданд.  

Ҳамчунин Ҳамидаи Аббосалӣ, бонуи каратекори Эрон ба медали биринҷии вазни ба изофаи 68 килограмми бозиҳои осиёии 2018 даст ёфт.