Август 26, 2018 13:36 Asia/Dushanbe
  • Зариф: Амрикоиҳо бештарин тамаркузро рӯи ҷанги равонӣ гузоштаанд

Вазири умури хориҷаи Эрон гуфт, амрикоиҳо бештарин тамаркузро рӯи ҷанги равонӣ, доранд ва талоши онҳо афзоиши фишори равонӣ рӯи эрониён ва ширикони байналмилалии Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Муҳаммадҷаводи Зариф дар барномаи телевизионӣ тасреҳ кард, амрикоиҳо тирашон муқобили наздиктарин муттаҳидонашон ба санг хӯрдааст ва сӯроғи ширкатҳо мераванд ва онҳоро расман таҳдид мекунанд; Яъне бо эҷоди фазои равонӣ, мехоҳанд шароитро иваз кунанд.

Ӯ бо баёни инки Эрон бо кишварҳои дигар минтақа тафовут дорад, афзуд, кишварҳои минтақа бо хариди таслиҳот дарсадади таъмини амнияти кишваршон ҳастанд, дар ҳоле, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон амният, пешрафт ва тавсеаи худро вобаста ба мардум медонад.

Ба гуфтаи вай барои ҳамин ҳам буда, ки амрикоиҳо 40 сол аст, анвои фишорҳоро ба кишвар ворид карда, вале мардум тавонистаанд дар баробари онҳо муқовимат кунанд.

Вай тасреҳ кард, воқеияти байналмилал ин аст, ки Амрико, Арабистон ва Исроил ҳамаи қавонинро нақз мекунанд ва ин ба маънеи созу кори фишор аст, ки кишваре мисли Амрико дар баробари наздиктарин муттаҳиди худ аз ҷумла Канада, ки бо Эрон робитае надорад, истодааст.

Зариф таъкид кард, аз замоне, ки Доналд Трамп аз БАРҶОМ хориҷ шуд, амрикоиҳо ба аҳдофе, ки мехостанд, нарсиданд ва ба бархе иқдомот аз ҷумла дархостҳои мукаррар барои музокира ва ташкили гурӯҳи иқдоми Эрон, рӯй оварданд.