Август 26, 2018 15:58 Asia/Dushanbe
  • Масдуд шудани ҳисоби шабакаҳои байналмилалии Садо ва симо – иқдоме дар ҷиҳати сонсури ҳақиқат

Ҳисоби бархе аз шабакаҳои байналмилалии Садо ва симо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо баҳонаи иддаоии беасос масдуд шудааст. Иллати масдуд шудани ҳисоби шабакаҳои байналмилалии Садо ва симо «гумроҳсозӣ аз тариқи интишори иттилооти нодуруст дар бораи маншаи боргузорӣ ва интишори матолиб» унвон шудааст.

Муованати бурунмарзии Садо ва симо бо интишори баёнияе ин иқдомро намунаи боризи сонсуру ҷилавгирӣ аз интишори ҳақиқат ва дидгоҳҳои мухталиф дар шабакаҳои иҷтимоии ҷаҳонӣ донист ва онро маҳкум кард.

Расонаҳои ғарбӣ солона даҳҳо миллион доллар харҷ мекунанд барои эҷоди тасвири комилан хилофи ҳақиқат аз рӯйдодҳо дар зеҳни мухотабон. Ба ҳамин далел аз ин ки расонае дар буъди миллӣ ва дар арсаи бурунмарзӣ гуфтумону тасвири воқеӣ аз таҳаввулот дар минтақа ва ҷаҳонро ба мухотабон арза мекунад, асабонӣ ҳастанд. Расонаҳои мустақиле чун “Пресс ТВ”, “Ҳиспан ТВ”, “Алъолам”, “Саҳар”, “Алкавсар”... ҷуз интишори воқеиятҳое, ки давлати Амрико ва муттаҳидонаш алоқае ба интишори он надоранд, ҷурми дигаре муртакиб нашудаанд, ки мустаҳиққи масдудсозӣ ва баста шудан бошанд.

Муддаиёни ҳаққи озодии баён бо убур аз усулу ҳуқуқи байналмилал саъй доранд, ҷараёни озоди расонаро ба банд бикашанд ва онро бо эъмоли маҳдудиятҳои таҳримгуна дар инҳсори худ дароваранд. Ин рафтор ҳеҷ тавҷеҳу мантиқе надорад ва танҳо нишонаи дигаре аз кинаварзӣ ва рафтори мудохилаҷӯёнаву хусуматварзӣ бо миллати Эрон аст . Ин таҳаррукот дар ҳолест, ки Амрико бо сӯистифода аз расона ба дунболи фосила андохтан байни мардум ва низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ба вуҷуд овардани норизоиятӣ байни мардуми Эрон аст.

Бар асоси моддаи 19-и Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 19-и Паймони байналмилалии ҳуқуқи шаҳрвандӣ ва сиёсӣ ва моддаи 10-и Конвенсияи аврупоӣ ва ҳамчунин моддаи 13-и Конвенсияи ҳуқуқи башар, озодии баён шомили дарёфти ҷараёни озоди иттилоъ мегардад.

Бидуни шак, талош барои халал расонидан ба фаъолияти расонаи миллӣ ва ҷараёни озоди расона  бозигарони сиёсиро ба мақсад нахоҳад расонд, зеро ин мухотабон ҳастанд, ки бо такя бар асли ҳаққи интихоб масири ҷараёни озоди расонаро таъйин мекунанд. Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар арсаи бурунмарзӣ тавонистааст гуфтумони хабарӣ ва тасвиреро ба беҳтарин наҳв пӯшиш диҳад. Дурахшиши фаъолиятҳои расонаӣ ва хабарии Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон дар байни аъзои иттиҳодияи "Осиё вижн" таъсиргузории ин расонаро ба унвони як шабакаи пурмухотаби бурунмарзӣ исбот кардааст. Бадеҳист, муованати бурунмарзии Созмони садо ва симои ҷумҳурии исломӣ ҳаққи иқдомоти ҳуқуқӣ ва пайгирии байналмилалии қонунӣ алайҳи иқдомкунандагон ба эҷоди маҳдудият барои расонаҳои бурунмарзии ҷумҳурии исломиро маҳфуз медонанд.