Август 27, 2018 08:40 Asia/Dushanbe
  • Табрики милоди хуҷаста хуршеди ҳидоят Имом Ҳодӣ (а)

Эрони исломӣ имрӯз дар солрӯзи тулӯи хуршеди дурахшони осмони ҳидоят ва вилодати пешвои бузурги мусулмонон, ҳазрати имом Ҳодӣ (а) саросар нуру сурур аст.

Имрӯз 15-уми зилҳаҷҷа баробар бо панҷуми шаҳривар ва бисту ҳафтуми август, солрӯзи вилодат бо саодати набераи гаронқадри Расули Худо (с) ва пешвои бузурги мусулмонон ҳазрати имом Ҳодӣ (а) аст.

Ҳазрати Имомалӣ ал-Нақӣ (а) маъруф ба Ҳодӣ, фарзанди имом Ҷавод (а) дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ аз модари покдоман ба номи Самона, мутаваллид шуд ва пас аз шаҳодати падари бузургавораш 33 сол раҳбарии уммати  исломиро бар ӯҳда гирифт.

Дар ин муддат он ҳазрат барои нашри аҳкоми ислом ва омӯзишу парвариши шогирдони донишманд ва шиносондани мактаби исломи ноби Муҳаммадӣ (с) гомҳои баланд бардошт.

Ҳарами мутаҳҳари имом Ҳодӣ (а) дар наздикии Сомиро дар кишвари Ироқ, ҳамвора зиёратгоҳи ошиқони хонадони рисолат аст.

Муъминон ва дилдодагони хонадони набувват дар Эрони исломӣ ва бисёре аз манотиқи ҷаҳони Ислом дар шабу рӯзи вилодати бо саодати ҳазрати имом Ҳодӣ (а) бо ҳузур дар марокизи мазҳабӣ ва барпоии ҷашни милоди он ҳазрат ба остони арҷманди хонадони исмат ва таҳорат (а), ибрози адаб ва иродат мекунанд.

Радиои тоҷикӣ, вилодати ин имоми бузургаворро ба ҳамаи мусулмонони ҷаҳон табрик мегӯяд.