Варзишкори эронӣ, беҳтарин баскетболисти вилчернишини ҷаҳон шуд
https://parstoday.ir/tg/news/iran-i37656-Варзишкори_эронӣ_беҳтарин_баскетболисти_вилчернишини_ҷаҳон_шуд
Умеди Ҳодӣ Азҳар, миллипуши тими баскетбол бо вилчери Эрон, ба унвони беҳтарин бозикуни Мусобиқоти ҷаҳонии баскетбол бо вилчери Олмон шинохта шуд.  
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Август 27, 2018 17:30 Asia/Dushanbe
  • Варзишкори эронӣ, беҳтарин баскетболисти вилчернишини ҷаҳон шуд

Умеди Ҳодӣ Азҳар, миллипуши тими баскетбол бо вилчери Эрон, ба унвони беҳтарин бозикуни Мусобиқоти ҷаҳонии баскетбол бо вилчери Олмон шинохта шуд.  

Рақобатҳои ҷаҳонии баскетбол бо вилчери Олмон, ки ба мизбонии Гамбург баргузор шуд, якшанбе шаб бо қаҳрамонии тими Англия ва ноибқаҳрамонии Амрико ба поён расид.

Тими баскетбол бо вилчери Эрон низ пас аз Австралия, ба мақоми чаҳоруми Мусобиқоти ҷаҳонии баскетбол даст ёфт ва ҷавози ҳузур дар рақобатҳои паралимпии 2020 Токиоро касб кард.